Дуруд 👋
Ғамгинӣ, ноумедӣ, ноаёнӣ. Инҳо буданд ҳиссиёте, ки ман дар 2 моҳи охир таҷриба кардаам. Аз охирин нашри навори касбиям дар YouTube, ду моҳ сипарӣ гашт. Аз дӯстони онлайнӣ, 10-ҳо паём гирифтам, ки аз ман мепурсанд:
Ҳей Ризо! Кай ба эҷоди наворҳо, ба мисли пештара бар меградӣ?
Ман дар ҳақиқат мехоҳам ба шумо гӯям, ки ин бозгашти ман аст. Вале! Дар асл чунин нест.
Чӣ тавре, ки шумо медонед, дар тӯли 2 моҳи охир, ман танҳо дар пахшҳои мустақим будаму, аз эҷодкорӣ дур. Ман ният надоштам, то нашри пурраи курсам, навори наверо бо саргузашти нав, ҳамрасонӣ кунам. Чунки замонгир асту, манро аз эҷод курси ITF+ тоҷикӣ дур мекунад.
Аммо! Мақсади ман дар ин саҳифа, шафофӣ, ростқавлӣ ва саргузашти воқеии худро гуфтан аст. Новобаста аз он, ки ман ба ҳадафҳои бузургтарини худ мерасам, ва ё инки бо душвориҳои зиндагӣ мубориза мебарам. Бояд воқеиятро, бар шумо, бармало гӯям.
Аз ҳамин лиҳоз хостам то навигароҳи ҳаётамро ривоят кунам.
Биёед ба 3 моҳи гузашта бармегардем:
Баъ аз 2 соли ҳуҷҷатгузории ҳаётам ва нашри пайдарпайи наворҳо дар YouTube, эҳсос кардам, ки ба як чолиши наве дар зиндагӣ ниёз дорам. Чизе, ки бузургтар бошад, болотару фаротар равад, беҳтар аз корҳое, ки то ба имрӯз кардаам. Чӣ тавре, ки шумо медонед, ман ба Донишноҳ рафтаму 3.5 соли ҳаёти худро дар онҷо масраф кардам, то ки соҳаи IT-ро омӯзам.
Вале, сипос ба Ковид-19 ки моро хонанишин карду ҳаммаи он дарсҳо фосилавӣ шуданд. Ман бошам, ҳар чизеро ки имрӯз медонам ҳаммааш сипос ба курсҳои онлайнӣ ва таҷрибаи кориам аст.
Дар тӯли 23 соли ҳаётам, ягон курс ва ё барномаи тоҷикие наёфтам, ки манро бо забони модариям, IT омӯзонад. Ҳамаи кусрҳое, ки ман хондам, ҳам дар Донишгоҳ ва ҳам аз ҷаҳони онлайнӣ ҳаммааш бо забони хориҷӣ буд.
Баъд аз 4 соли таҷрибаи кории касбӣ дар соҳаи IT, гирифтани диплом аз Донишгоҳи Аврупоӣ, ниҳоятан эҳсос кардам, ки омодаам курсеро созам, ки Ризои 16 соларо ба ҷаҳони IT роҳнамоӣ кунад.
Ҳоло шумо аз чолиши нави ман огаҳед: Сохтани курси ITF+ тоҷикӣ.
Аввалин рӯзӣ корӣ
Оқилона эътироф мекунам, рӯзи аввал хело ҷолиб буд. Ҳис карадам, ки ин аллакай СтартАпи ҳақиқии нав аст. Ман якчанд намуна курсҳоро бо дигар забонҳо тамошо кардам. Аз онҳо идеяву илҳом гирифтам. Курсро ITF+ тоҷикӣ номгӯзорӣ кардаму, логоашроҳам сохтам. Дар борааш мақола навиштаму дар сомонаи rizogiyoev.com нашр кардам.
Ман курсро ба 15 бахш ҷудо кардам.

Хулоса: Мехостам курсеро таҳияи кунам, ки донишҳоеро дошта бошад, ки донистанаш ба ҳар як шаҳрванди асри 21 ҳатмист. Аз рӯи нақшаҳои ман, бояд дар тӯли 2 моҳ ин курс омода ва нашр мешуд.

Дар як моҳи аввал, бояд пешнависи дарсҳоро менавиштам. Дар 2 ҳафтаи моҳи дуюм дарсҳоро ба навор мегирифтам. Ва дар 2 ҳафтаи охир, онҳоро таҳрир мекардаму дар ITomuz.com нашр.

Вале, дар асл ин чунин нашуд…
Ҳафтаи 1-ум сипарӣ гашт. Навиштани скриптҳои Бахши 1-умро ба итмом расонидам. Ба вуҷуди он, ки нақшаи корӣ АФСОНАВӢ буд, ман оҳиста оҳиста ҳис кардам,ки ин ин лоиҳа дар 2 моҳ амалӣ намешавад.
Аввалин фаҳмишҳои ман
Аввалин фаҳмиши ман, ин тағйироти куллӣ дар кори ҳаррӯзаам буд. Ҳадафи ман дар ин курс ин буд, ки арзиши ҳарчи бештарро дар муддати кӯтоҳтарин таъмин кунам ва аз ин рӯ ман қарор додам, ки аксари дарсҳоро калима ба калима скрипт кунам. Рости гап, гузаштан аз скрипти видеои Youtube ба скрипт дарси курс, як тағйироти бузурге буд.
Чун ман бореҳам курси онлайнӣ насохта будам. Бореҳам ҳамчун омӯзгори касбӣ, дар ягон донишгоҳ дарс нагуфта будам. Ин манро бори дигар водор намуд, ки то чӣ андоза кори онҳо душвор будааст. Навиштани скрипти видео, ин ба мисли навиштани роман аст. Навиштани скрипти дарс, ин ба миси навиштани мақолаҳои илмист.

Барои наворҳои YouTube, ту озодоии бештари эҷодкорӣ дорӣ, то ҳикояи худро қисса кунӣ. Аммо барои дарс, ту бояд мавзуро содда карда, дар кутоҳтарин муддат шарҳ диҳӣ. Ба ростӣ, барои омӯхтанаш, ман вақти зиёдеро масраф кардам.
Дар ҳоле, ки ман ҳамчун омӯзгор, ҳар рӯз чизҳои навро меомӯхтаму бузург мешудам, то ҳол чизе манро парешон мекард. Ман дар корам, гуногунрангиро эҳсос намекардам. Касе ба ман шарҳ наменавишт, ва ба маҳсулоти сохтаи ман, баҳо намедод.
Пеш аз ин лоиҳа, ман барои як рӯз скрипт менавиштам, барои як рӯзи дигар ба навор мегирифтам, барои якчанд рӯзи дигар бошад, он наворро таҳрир мекардам. Баъд аз як ҳафтаи пур аз заҳмату талош, он наворро дар YouTube нашр мекардам. Баъд аз нашри навор, аз хондани шарҳҳои навиштаи дӯстони онлайнӣ хело шод мешудам.
Илҳом зиёде мегирифтаму боз ба эҷоди лоиҳаи нав бармегаштам. Аммо вақте ки сухан дар бораи курс меравад, ман тули ҳафта ҳеҷ коре накарда, танҳо сенарияи дарс менавиштам. Ман аз хоб мехестам, дар мизи кориям менишастам ва то соати 14:00-и нисфирӯзӣ, саҳифаи холиро ба ҳазорон калима пур мекардам.
Ҳатто баъд аз навиштани скрпити ду бахш, ман наметавонистам, онро ба дигарон ҳамрасонӣ кунаму, мукофоте гирам. Дар ҳоле, ки ман шартномаи меҳнатӣ бо дигар ширкат дар Лаҳистон дорам ва дар ITomuz ширкати худам, корҳои зиёде барои анҷом додан мондааст. Баъдан ба хулосае, омадам, ки аз Зулфиқор кумак пурсам.
Зулфиқор дар навиштан, ва вироиши матнҳо маҳорати фантастикӣ дорад. Бо ӯ дар суҳбат шудем. Вазъияти ман ва курси ITF+тоҷикиро ба ӯ фаҳмонидам. Хушбахтона, ӯ ин пешниҳодро қабул кард. Ба хулосае омадем, ки аз ҳар як бахш, ҳадди аққал ду дарсашро ройгон дар вебнамои YouTube-ии ITomuz нашр кунем.
Ҳам ITF+ тоҷикӣ таблиғ мешавад, ва ҳам касе аз он чизе меомӯзад. Дар як моҳи аввал, ман дигар худро ҳамчун эҷодкор ҳис намекардам. Худро ҳамчун омӯзгор, муаллиф ва соҳибкор эҳсос мекардам. Ба ҳар ҳол, каме ҳам бошад ман аз масъулиятҳои навам лаззат бурдаму, аз кор дар лоиҳаи нав дар ҳаяҷон будам.
Вале, дар як замон кори ман душворӣ ва стресӣ зиёдеро ба вуҷуд меовард. Ман ки дар ин муддат аз кори худ допамин намегирифтам ва манро хаста менамуд, ба хулосае омодам, ки дар оффиси хонагиям маконеро барои ба варзиш машғул шудан, дар вақти корам созам.
Аз ин рӯ, ман ба хулосае омадам, ки пойгоҳи давидан харидорӣ кунам. Чун барои ман, саломатӣ дар ҷои аввал меистад. Ин ба ман кумак расонид то бисёртар маҳсулнок шавам ва худро солиму бардам нигоҳ дорам.
Вале, пас аз якуним моҳи кор дар ин лоиҳа ҳама чиз кормилан иваз шуд.
Баъд аз якуним моҳ
Нақшаи кории ман, барои ба итмом расонидани курс, яку ним моҳ буд. Вале, ман фаҳмидам, ки ин комилан ғайриимкон аст. Дар ҳоле, ки Зулфиқор ҳам дар ин лоиҳа ба ман кумак мерасонд, мо танҳо се бахшашро ба итмом расонидем.
Дар ҳоле, ки мо бояд 15 бахшро дар ин муддат омода ва нашр мекардем. Корҳои зиёде монда буд. Ба мо, вақти зиёде барои навиштани скриптҳо лозим буд. Вақти зиёде барои ба навор гирифтани бахшҳо лозим буд. Сохтани аниматсия ва таҳрири касбӣ вақти зиёдеро ҳам талаб мекард.
Ман намехостам, ки ин курс ба мисили дарсҳои мактабҳо ва донишгоҳҳо бошад. Ман намехостам, ки ба мисли дигар кӯдакони интернет онро руякӣ омода кунам. Ман мехостам, ки ин курс пурарзиш ва шавқовар бошад. Чӣ тавре, ки гуфтам, худам ҳамачизро аз YouTube ва курсҳои онлайнӣ омӯхтаам ва дар маҷмӯъ, зеро як донишҷӯи бениҳоят визуалӣ ҳастам.
Забони Инглисиро дар сини 16 солагӣ ҳам аз мактаб бо омӯзгорони маҳаллӣ меомӯхтам ва дар хона аз омӯзгорони хориҷии онлайнӣ. Таҳрири навор, маҳорати суханварӣ, омӯхтани кор бо компютер, забонҳои барномасозӣ, ва умуман ҳар маҳорате, ки имрӯз бароям нон медиҳад, ҳаммаш сипос ба омӯзиши рақамӣ аст.
Вале, на ҳар як дарс ва на ҳар як омӯзгор арзандаи тамошо ва таваҷҷуҳ аст. Чун бисёре аз дасрҳо на дар худ аниматсия доранд, на эҷодкорӣ ва на таҳрири зебо. Чаро? Чун ин корҳо вақти зиёд, энерҷии зиёд ва диққати зиёдро мегирад, аммо аразишашро дорад.
Стрес & Ғамгинӣ & Ноаёнӣ
Баъд аз 2 моҳи заҳмату талошҳо бо Зулфиқор Ҷонмардов, мо дидем, аз 15 бахш танҳо 5 тои онро ба итмом расонидаему халос. Ин моро дар ҳақиқат рӯҳафтода кард. Ман бошам худро нотавон ҳис мекардам.
Чун натавонистам замон итмоми лоиҳаро муайян кунам ва ҳис кардам, ки агар интавр идома ёфтан гирад, намедонам, ки кай онро ба итмом мерасонам. Дар яку ним моҳи аввал, ба дӯстони онлайнӣ ваъда дода будам, ки ҳар ҳафта як маротиба ба пахши зинда хоҳам баромад ва бо онҳо дар гуфтугӯ хоҳам буд.
Баъдан ба хулосае омадам, ки дигар ба пахши мустақим намебароям то, ки ҳаммаи диққатамро дар рузҳои истироҳатӣ ба курс гузорам. Вале, ин ҳаммаро бадтар кард. Ғамгинӣ ва стреси зиёд манро фаро гирифт.

Чун дӯстони онлайнӣ ва худи ману дастаам, аз ин лоиҳа интизориҳои зиёде доштем. Одамон мепурсидан, ки шояд дигар ман навори нав бо ҳикояи навро эҷод намекунам. Шояд ман аз эҷодкорӣ даст кашидаам.

Шояд, ки ман видеосозӣ дурӯзаам. Бисёре аз обуначиҳо аз саҳифаи YouTube-ии ман обунаи худро қатъ мекарданд.

Ба сомонаи ширкатам ITomuz, дигар одамон намерафтанд. Боз ҳар рӯз барои кори ширкати Лаҳистониям вақт бояд ҷудо мекардам. Дар ITomuz бошад, бояд лоҳиҳаи нави барномаи мобилиро шуруъ мекардем. Сомонаро навсозӣ ва донишномаҳои зиёде эҷод мекардем. Ман ҳаркат кардам, то ки онро дар дуву-ним моҳ ба итмом расонам, вале боз ҳам ғайри имкон намоён мешуд.

Дар баъзе мавридҳо, ин фишори доимӣ ба изтироби шадид табдил меёфт, ки ба хоби ман ва вазъи равониям таъсиргузор буд. Худро ғамгин ҳис мекардам ва дар нисфи шаб аз хоб мехестаму дар фикри он будам, ки фардо 1000-ҳо проблемро бояд, ки ҳал кунам. Ва рӯзи дигар бошад, то нисфи рӯзи хоб мерафатам.
Аз хоб мехестам ва танҳо барои як ва ё ду соат дар болои лоиҳаҳои шахсии кор мекардаму дар ҳол ба кори ширкат гузариш мекардам. Ин ҳалқаи носолим ҳар рӯз такрор мешуд ва ман воқеан ҳис мекардам, ки кам-энерҷӣ шудаам.
Аллакай, реҷаи ман шикаста шуда буд. Дар рӯзҳои истироҳатӣ, ҳаракат мекардам то бо дустонам вақт гузаронам то, ки барои ҳафтаи нав барқаррор шавам. Вале, он ҳам кумак намекард.
Дар баъзе ҳолатҳо чунон танбал шуда будам, ки дар вазифаи оддитарин диққат карда наметавонистам. Оҳиста-оҳиста аз коре, ки аз анҷом доданаш лаззат мебурдаму дӯсташ медоштам, дигар хоҳиши анҷом доданашро надоштам.
Занон дар Текнолоҷӣ
Ба хулосае, омадам ки бояд як ҳафта аз ҳамаи корҳоям дур шавам. Худамро барои чолишҳои нав омода ва рӯзомад кунам. Каме истироҳат карда ва бо энерҷии тоза ба кор баргардам.
Субҳ ба хайр, аз пойтахти Лаҳистон, шаҳри Варшав! Имрӯз ба маҳфили хонумон дар Текнолоҷӣ ва ё Фанноварӣ меравем. Вале, пеш аз он, ки ин корро кунем, биёед ба аввали ҳикоя баргардем. Ҳаво торик шуда буд.
Мехостам компютерамро хомуш кунам ва ба ҷойгаҳи хобам равам. Чун соат 10 мешуд ва ин вақт, вақти хоби ман аст. Ногаҳон LinkedIn-ро кушодам ва дидам, ки аз дӯсти онлайниям, Санҷар паёме омадааст. Паём чунин буд:

Баъдан ман барои як ҳафта рухсатӣ гирифтаму, дар қатора ба Варшав равон шудам. Биёед каме дар мавриди ин ҷамъомад, ва дӯсти ман Санҷар қисса кунам.
Санҷар муассиси CodeYourPath.eu аст. Ӯ солҳои тулонӣ мешавад, ки дар Лаҳистон зиндагӣ мекунад. Ширкати ӯ, ба мисли ITomuz дар соҳаи маориф фаъолият мекунад. Рисолати онҳо, ин омӯзонидани соҳаи IT ба муҳоҷирон ва гурезаҳо дар ин кишвар аст. Санҷар, ки солҳо боз дар ин соҳа фаъол аст, дӯстони зиёде дар соҳаи Фанноварӣ дорад.
Ингуна маҳфилҳо, дар пойтахти Лаҳистон зиёд мешаванд. Чун, Варшав ин шаҳри Текнолоҷӣ аст. Маҳфили “Women in Tech” ва ё ин, ки заннон дар Фанноварӣ, дар як сол як маротиба мешавад.
Муассисон, Мутахассисон, Фанноварон аз тамоми қорраи Аврупо якҷо шуда, дар бораи ояндаи дурахшони Текнолоҷӣ, сухан хоҳанд кард. Ширкатҳои машҳур ба мисли Meta, Google, Amazon, Dell, Intel, Revolute, CodeYourPath, InPost, TikTok, T-Mobile, Netflix Nvidia, ITomuz дар онҷо аз думблои ҷеҳраҳои нав, мутахассисони нав буданд.
Хусусан ингуна маҳфилҳо, бояд занони ин қорраро, ба АФСОНАВИТАРИН соҳа дар асри 21, ҷалб кунад. Ин гуна маҳфилҳо барои Networking ва ё шабкасозӣ зебост. Чун, ту бо бисёре аз шахсоне, ки ба мисли худат фикр мекунанду, дар соҳаи худат ҳастанд, шинос мешавӣ. Дар LinkedIn пайваст мешавӣ ва барои ҳамкориҳои оянда ин лозим хоҳад шуд.
Барқароршавӣ
Баъд аз як ҳафтаи дур аз кор, саёҳат дар Варшав, шиносои бо одамони нав, дидор аз мутахассисону фанноварон, ман бо энерҷии наву илҳоми нав ба хона баргаштам. Баъд аз баргашт ба хулосае омадам, ки бояд, ки дигаргуниҳо шавад.
Ман ба лоиҳа умеди худро дубора пайдо кардам ва фаҳмидам, ки танҳо як роҳи анҷом додани ин лоиҳа вуҷуд дорад. Ман бояд ҳаёти худро якҷоя кунам. Саломатии худро дар ҷои аввал гузорам. Ва аз ҳаммаи муҳим, ман бояд абарқудраттарин реҷаи корӣ созам.
Уҳҳҳ! Ман ин корро кардам.

Ҳаракат кардам, ки ҳар рӯз бояд барои 9 соат хоб кунам. Дар як ҳафта 2 рӯз ба худ имкон додам, то ки чӣ коре хоҳам анҷом диҳам. Агар хоҳам кор кунам. Агар не, бо дӯстон якҷо шуда Fifa бозӣ мекунем. Ва ё ба шаҳр баромода қадамзанӣ меравем.
Қариб 3 моҳ дар лоиҳа
Хуб, қариб 3 моҳ мешавад, ки ман дар ин лоиҳа кор мекунам. Аз вақте, ки ман саломатии худро дар ҷои аввал гузоштам ва барои як ҳафта аз ин лоиҳа дур шудам, дубораи умедамро ба ин лоиҳа барқарор кардам.
Агар ростқавлона гап занем, рӯзҳое мешавад, ки мегӯям: Ин ҳаммаш беҳуда аст. Касе наворҳои дарсии манро тамошо намекунад. Вале, ман кушиш мекунам то ҳам саломатии худро эҳтиёт кунам, ҳам кори дустдоштаи худро аз даст надиҳам ва ба мақсаде ки доштам, содиқ бошаму онро новобаста аз вазъияти зиндагӣ, омода карда дар платформаи омӯзишӣ, ITomuz.com нашр кунам.
Бе шакк, ин мушкилтарин лоиҳа дар ҳаётам буд.
Вале, чӣ тавре ки шумо медонед, ана ҳамин лаҳзаҳои душвории ҳаёт аст, ки моро калон мекунад. Моро қавӣ мегардонад. Моро маҷбур мекунад, то бештар омӯзем. Шахсан худам, дар ин се моҳ фаҳмидам, ки то чӣ андоза кори омӯзгорон душвор будааст.
Фаҳмидам, ки ду калимаро якҷоя кардан дар боло як мавзӯъ таҳсил кардан, онро содда карда ба донишомӯз фаҳмонидан, ин корри ҳар як гушчапар набудааст. Медонам, ки ин лоиҳа вақти зиёдеро мегирад. Энерҷии зиёдеро мегирад. Вале ман боз медонам, ки ин лоиҳаро ба итмом хоҳам расонид.
Хатоҳои ман & Дарсҳои омӯхтаам аз ин лоиҳа
Агар шумо хоҳед, ки чизе аз хатоҳои ман дар ин 3 моҳ омӯзед, ҳоло ман ба шумо 3 дарси омӯхтаамро ҳамрасонӣ мекунам.
- Нақшаҳои воқеӣ кашед
Ростқавлона гӯем агар, худи ман вақти муайянро ҷудо накардам то, ки вақти ба анҷом расонидани лоиҳаро ҳисоб кунам. Ман фикр мекардам, ки дар якуним моҳ онро ба итмом мерасонам. Вале, мебинам ки шояд он 6 моҳ тул кашад. Агар ман якчанд рӯз ҷудо мекардам ва чуқуртар мавзуҳои дарсиямро мекофтам, ман метавонистам вақти воқеии хатми лоиҳаро муайян кунам.
Вақти воқеии ба итмом расонии лоиҳа, хелоҳам муҳим аст. Ин таъсири зиёде ба вазъияти равонӣ ва нақшаҳои оянда мерасонад.
- Қурбониҳоро пешгӯӣ кунед
Дарси дуюме, ки ман омӯхтам он аст, ки қурбонеҳое, ки барои ҳадафҳоятон мекунедро пешгӯӣ кунед. Ҳар як ҳадаф бо қурбонӣ меояд. Агар хоҳи ки, як маҳоратро омӯзӣ, бояд ки соатҳои соат вақти аззизи худро дар он масраф куниву, ҳар руз барои соатҳои дароз китоб хонӣ. Видеодарсҳо тамошо кунӣ. Ҳар рӯз онро такрор кунӣ.
Агар хоҳӣ, ки бадани зебо дошта бошӣ, бояд ки 4-5 маротиба дар як ҳафта ба толори варзишӣ равӣ. Ва онро ҳар ҳафта барои мудати дароз такрор кунӣ.
Агар ту хоҳӣ, ки АФСОНАВИТАРИН курси ITF+ тоҷикӣ созӣ, ки он роҳеро барои навомӯзон ба соҳаи IT нишон диҳад, ба фикрам ту бояд худро дар оффиси хонагият барои 6 моҳ зиндон куниву, 99%-изи вақти худро дар навиштан, навор гирфтан ва таҳрир кардан сарф кунӣ.
Ҳамон қадар, ки ҳадаф бузрг бошад, ҳамон қадар қурбонӣ зиёд хоҳад шуд. Бале, ман медонам, ки ин хело осон аст, партофтани омӯзиши забони Инглисӣ, вақте ки ту аз омӯзиши он лаззат намебарӣ. Вале, вақте ки ту 1000-ҳо сомониро дар як тиҷорат сармоя мекунӣ, ва дигар одамон аз ту интизориҳо зиёде доранд, онро тарк кардан осон нахоҳад буд.
Ана барои ҳамин, ту бояд мардакбарин пеш аз оғози он кор, натиҷаи онро фикр кунӣ ва аз худ пурсӣ, ки оё ин кор аразандаи қурбониҳо аст?
- Одатҳои хубро аз даст надиҳед
Худи ман, солҳо мешавад, ки кӯшиш мекунам, то беҳтарин одатҳоро дар вуҷудам парвариш диҳам. Ба мисли: ба варзиш машғул шудан, хуроки солим хӯрдан, 9 соат дар вақти муайяншуда хоб кардан. Вале, вақте стресс дӯсти беҳтаринат мешавад, ва корат душвортар шудан мегирад, ин хело осон мешавад, то одатҳои хубамонро аз диҳем. Ҳаргиз нагузор, то кори зиёд, маблағи зиёд ва дӯстони гушчапарат, солимии равонӣ ва физикии туро аз байн баранд.
Боварам кун: агар ту бадани худ, ва ақли худро эҳтиёт накунӣ, пас ту корҳои бузургро барои муддати дароз анҷом дода наметавонӣ. Ин ҳам ба ҳаёти ту, ва саломатии ту таъсири бузурге мерасонад. Ана, барои ҳамин, талош кун то он одатҳои хубро созӣ ва онҳоро ҳаргиз аз даст надеҳ.
Ризо Гиёев 🏡
Муассиси ITomuz.com
Ин мақоларо дар шакли навор бубинед; ⤵️