Корнома. Муҳоҷират. Лаҳистон. Гданск шаҳр.
Зиндагӣ як сафари пурпечутоб аст. Як таҷрибаи мураккаб ва доимо тағйирёбанда, ки ҳар яки мо онро ба тарзи худ паймоиш мекунем. Он пур аз лаҳзаҳои шодӣ ва ғам, муваффақият ва нокомӣ, муҳаббат ва талафот аст.
Зиндагӣ моро водор мекунад, ки рушд кунем, омӯзем ва ҳар cубҳ аз ҷойгаҳи гармамон барои ҳадафе аз хоб хезем. Зиндагӣ – ин танҳо вуҷуд доштан нест, балки бо ҳадаф зиндагӣ кардан, номаълумро пазируфтан ва кӯшиш барои таъсиргузорӣ кардан аст.
Зиндагӣ ба мо устуворӣ, ҳамдардӣ ва аҳамияти иртиботро меомӯзад ва ба мо ёдрас мекунад, ки бо вуҷуди бисёр санҷишҳояш, он як неъмате қадр карданист.
Кулубмаи Боло
Зиндагии Ризо Гиёев то ба имрӯз аз 3 саҳифа иборат аст. Ҳар як саҳифа, дар худ зиндагии комилан гуногунро дорад. Саҳифаи аввал, шуморо ба деҳаи Кулумбаи Болои Тоҷикистон мебарад. Деҳае, ки ман 10 соли ҳаёти худро дар он зиндагонӣ кардам. 7 соли аввали ҳаётамро онқадар дар хотир надорам. Вале, хотираҳое аз дидорбини падарам дар мактаб, гусфандчаронӣ бо дӯстони кудакиям, подабонӣ дар тобистон, ки манро ба гиря меовард ва чилику-дангалбозиро каме бошад ҳам, дар бар мегирад.

Вақте, ки дар деҳа зиндагӣ мекардам, дар мавриди компютерҳо ва шабаки бузурги ҷаҳонии Интернет, хабаре надоштам. 2 соли аввалини мактаби миёнаро дар ин деҳа таҳсил кардам. Дар ин 2 сол, бо сари баланд, сардори синф будам. Дар он вақтҳо, ин бузургтарин дастоварди зиндагиям буд. Аз сардори синф будан, хело ифтихор мекардам.
Зиндагиям хело шавқовар буд. На парвои бозиҳои компютериро доштам, ва на парвои тамошои наворҳоро дар YouTube. Аз ҷаҳони онлайнӣ дур будаму, бо инсонҳои ҳақиқии меҳрубон, дӯст. Дар зимистон барфрубӣ. Алафдиҳи ба молҳо. Ҳар субҳ дар наҳорӣ, ширчой хурдан бо равғани Ҳазард. Дар тобистон бошад молу-чакалак бонӣ. Алафдаравӣ. Дар баҳор гуштингирӣ ва лаззат бурдан аз тамошои бузгашӣ.

Аз ҳама фасли нописанди ман, ин тирамоҳ буд. Чун соли нави хониш оғоз мешуд ва ба мисли дигар кудакон, аз хоби ширин барвақт хестану ба мактаб рафатан ба ман писанд набуд.
Рӯдакӣ
Дар соли 2010, сипос ба бародаронам, ки оилавӣ ба Рӯдакӣ кучидем. Ҳамаги 17км дуртар аз Рӯдакӣ пойтахти кишвар, Душанбе қарор дорад. Ин маънои онро дошт, ки зиндагии ман, комилан иваз шудааст. Имкониятҳои зиёди омӯзишӣ, мактабҳои замонавӣ ва истифода бурдан аз дастгоҳҳои компютерии бародарон манро аз Алафдаравӣ ва Хар-тавелакунӣ дур мекунонанд.
Аз соли 2010 то соли 2019 ман дар Рудакӣ зиндагӣ кардам. Дар замонавитарин мактаби ноҳия, ки Гимназяи барои бачагони лаёқатман ном дошт, таҳсил кардам. Забони Инглисиро аз донотарин муаллима, дар мактаб омӯхтам. Дӯстони зиёди хориҷӣ дар Душанбе пайдо кардам. Бо онҳо забони Инглисиямро таҷриба кардам. Ҳатто рӯзҳое мешуд, ки нонҳои гарми пухтаи модарамро бо либосҳои куҳнаи бародаронам мегирифтаму ба хонаи дӯстони Африқоиям мебурдам.

Мақсад танҳо як чиз буд. Омӯхтани забони Инглисӣ. Дар бахши ҷавонони ноҳия, барои як солҳам, волонтиёриниз кардаам. Яке аз зеботарин лаҳзаҳои ҳаётам буд. Дарсҳои зиёди забономӯзӣ ташкил мекардам ва бо ҳушмандтарин ҷавонони ноҳия ҷой менӯшидам. Баъд аз хатми Гимназияи Бачагони Лаёқатманди ноҳия, ҳуҷатҳоямро ба Донишгоҳи Бонкии Лаҳистон супоридам. Моҳи июли соли 2019 даъватномаамро аз ин Донишгоҳ дастрас кардам ва бо бародарам ба шаҳри Тошкани Узебкистон барои гирифтани раводиди Лаҳистон шудем.
Хушбахтона, корамон барор гирифту ман бо сари баланд, ҳамчун донишҷӯ ба Аврупо сафар кардам.
Бидгошч
Зиндагиямро дар Бидгочш, он қадар хуб баҳо намедиҳам. Дар ин қисми Лаҳистон, ман 5 сол зиндагӣ кардам. 3.5 сол ҳамчун доншҷӯ зиндагӣ кардам. Чун дониҳгоҳам маҳз дар ҳамин шаҳр қарор дошт. Аз моҳи октябри соли 2019 то феврали соли 2020, зиндагиям дар ин шаҳр шавқовар буд. Дар 2 моҳи аввал, ҳаракат кардам то забони Лаҳистониро дар Донишгоҳ аз худ кунам. Дар ҳафта 3 маротиба ба Донишгоҳ мерафтем, то курси Лаҳистонӣ хонем.
6 моҳи аввал сипарӣ гашт. Баъдан ҳама чиз иваз шуд. Ковид 19…
Бале, КОВИД-19 ҳамаро дар хона шинонд. Дар 3 соли аввале, ки дар Лаҳистон зиндагӣ кардам, натавонистам ин кишварро тарк кунам. Дар соли 2021 дар Волво Груп IT таҷрибаомӯзӣ кардам. Дар соли 2022, аввалин шартномаи касбии меҳнатиямро бо HCL Poland дар лоиҳаи Адидас, ба имзо расонидам. Дар соли 2023 бошад, донишгоҳро бо сари баланд хатм кардам. Дар аввали соли 2024 бошад, аввалин ширкати худро бо номи ITomuz таъисис додам ва худро расман ҳамчун соҳибкорӣ инфиродӣ ба қайд гирифтам.
Зиёда аз 7 маротиба дар имтиҳони ронандагӣ ноком шудам. То ҳол ҳуҷҷати ронандагӣ надорам. Наздик ба 2000 дӯсти онлайнӣ дар саҳифаи YouTueb-ииам пайдо кардам ва 7 бахши ITF+тоҷикиро ба итмом расонидам. Бале! Ҳаммаи ин дар шаҳри Бидгошч амалӣ шуд.
Саҳифаи нав дар ҳаётам — Гданск
Дар ин навор бубинед:
Хулоса
Дӯстони онлайнӣ, ҳаёт ҳамчун китобе аст, ки саҳифаҳои он доимо тағйир меёбанд. Имрӯз, мо як саҳифаи навро дар ҳаёти ман варақ задем. Дар як ҷо мондан ба мисли дар дохили минтақаи роҳат истодан аст. Ҳаёт хело кутоҳ аст. Онро набояд танҳо дар як шаҳр, як ноҳия ва як кишвар гузаронд. Ҳар як саҳифаи нав, деҳаи нав, шаҳри нав, ва кишвари нав бо худ дарсҳои нав меорад. Мо бояд доимо омӯзем, рушд кунем ва пеш равем.
Ба шумо 2 маслиҳат медиҳам:
- Ҳамеша кушиш кунед, ки аз минтақаи роҳати худ берун шавед. Танҳо онҷо метавонед потенсиали ҳақиқии худро пайдо кунед.
- Ҳеҷ гоҳ тарсу ҳарос надошта бошед. Ҳар роҳе, ки шумо интихоб мекунед, қисмате аз саёҳати шумо мебошад. Ба худ боварӣ кунед ва роҳатонро идома диҳед.
Бо шумо будан як шарафи бузург аст. То вохӯрии навбатӣ, худро эҳтиёт кунед, ҳаёти худро мисли як саҳифаи нав варақ занед ва ҳар рӯзро бо ҷидду ҷаҳд ва навгониҳо оғоз кунед.
Ташаккур барои тамошо, ва фаромӯш накунед, ки бо ман дар сафар бошед. Бо ман дӯсти онлайнӣ шавед. Бо шумо будан – беҳтарин қисмати ин саёҳат аст.