Ризо & Омӯзгорӣ

ITF+ Аввалин курси касбӣ

Дӯстони онлайнӣ! Ҳамон вақт фаро расид 🙂 Вақте расидааст, ки Ризо Гиёев ба тоҷикони сайёра, бо забони тоҷикӣ аз сифр, IT-ро дарс гӯяд. Вақте расидааст, ки аз донишгоҳҳо болотар ва фаротар равем. Вақте расидааст, ки системаи омӯзишии Техналогиро иваз кунем. Ана барои ин корро кардан, бояд аз донишҳои сертификатҳои стандартии ҷаҳонӣ, истифода барем. Вақте, ки ман аввалин бор корномаи худро дар IT шуруъ кардан мехостам, ба ман як харитае, як роҳе, як нишонае лозим буд. Ана сипос ба ширкати амрикоии CompTIA, мо ҳамаи донишҳои IT-ро қадам ба қадам, нуқта ба нуқта меомӯзем (яке якбораи аз барномасозӣ шуруъ намекунем ва дар ҳол ноумед намешавем) 

Чаро IT афсонавитарин корнома аст?

IT танҳо барномсозӣ нест. IT АФСОНАВИСТ! IT АФСОНАВИТАРИН корнома, дар асри 21 аст. IT буд, ки зиндагии манро иваз кард. IT буд, ки ман аз ҳуҷраи хурдаки хобгоҳам набаромада, дар як кишвари бегона корнома сохтаму, ҳамчун донишҷӯ зиндагӣ кардам. IT буд, ки ман бо сари баланд 3,5 сол дар донишгоҳ таҳсил кардаму, маблағе аз волидайн пас аз сини 18 солагӣ нагирифтам. IT буд, ки ман ҳар субҳ интизори АВТОБУС дар истгоҳ, дар фаслҳои сармо нашудам. Ана IT (Фанновариҳои Иттилоот) дар дохили худ, дунёҳои гуногонро дорад. Ҳар як инсон, дар дунёи IT бояд, ки ёбад коре/касбе/маҳоратеро, ки ӯ дар ҳақиқат дӯст медорад ва аз анҷом додани он лаззат мебарадро ёбад. Ана сипос ба сертификати CompTIA IT Fundamentals ва ё “Асосҳои IT аз ширкати CompTIA” номи кутоҳаш (ITF+), ки моро ба ҷаҳони IT шинос мекунад ва донишҳои аввалияро хоҳем гирифт. Ана маҳз барои ҳамин, ман Ризо Гиёев аз рӯзи 1-уми Апрели соли 2024, сохтани АФСОНАВИТАРИН курси “ITА+”- и тоҷикиро шуруъ хоҳам кард. 

Чанд пул меистад?

Бале, нархашро ҳам мегӯям: 15 EURO ва ё 177 сомонӣ ба қурби имӯза 💶 (аз ин 5 EURO дар андоз ва масрафҳои сомонаи ITomuz.com) меравад (ман бошам, зиёда аз 150 соат вақти худро масраф карданиям) Бале! Хело арзон. Ман шахсан фикр мекунам, ки курсҳои онлайнӣ аз 180 сомонӣ ва ё 15 EURO зиёд набошанд (Албатта, ин нарх барои сифати БАЛАНДТАРИНИ курс аст) Акнун чӣ кор кардан лозим? 1. Қаҳва мехарем (дар вақти таҳсил, ягона сузишвоӣ (бензин)и ту, ин қаҳва хоҳад шуд 2.Ба сомонаи www.itomuz.com рафта, ҳамчун донишомӯз аз руйхат мегузарем ТАМОМ!

Ризо Гиёев бошад, аз 1-уми Апрел то 15-уми май, ба торикӣ меравад. Дур аз ҳама чиз, ҳама кас, мешавад. Дигар навор эҷод намекунад (шояд ҳар ҳафта барои 4 соат танҳо пахши мустақим бароям) 👀 АФСОНАВИТАРИН скрипт, таҳрир, танзим, сифати балани навор, садо ба дараҷаи кайҳонӣ, ва курси (ITF+)еро месозад, ки туро намемонад хоб рафтан (дар вақти дарс) Агар Шумо курсро харидорӣ кунед, ин курс як умр бо Шумо хоҳад монд. Онро ман ҳар сол навсозӣ мекунам.

Бо орзуҳои нек ва бо умеди дидор дар нимаи моҳи майи соли 2024 бо курси ITF+,
Ризо Гиёев Мудир/Муассиси ITomuz www.itomuz.com

БИЁ СУҲБАТ КУНЕМ

Ягон савол доред? Мо ҳамеша омодаем, ки дар бораи тиҷорати шумо, лоиҳаҳои нави шумо, имкониятҳои эҷодӣ ва ба кадом роҳҳо мо ба шумо кӯмак карда метавонем, сӯҳбат кунем.

Scroll to Top