Дуруд 👋

Баъ аз 2 соли ҳуҷҷатгузории ҳаётам ва нашри пайдарпайи наворҳо дар YouTube, ман ҳис кардам, ки ба ман як ҷелленҷи нав лозим аст. Чизе бузургтар бошад, болотару фаротар бошад, аз корҳое, ки то ба имрӯз кардаам.

Чӣ тавре, ки Шумо медонед ман ба Донишноҳ рафтаму, 3.5 соли ҳаёти худро дар онҷо масраф кардам, то ки соҳаи IT-ро омӯзам.

Вале, сипос ба Ковид-19 ки моро дар хона шинонд ва ҳаммаи он дарсҳо фосилавӣ шаданд. Ман бошам, ҳар чизеро ки имрӯз медонам ҳаммааш аз курсҳои онлайнӣ ва таҷрибаи корӣ аст.

Дар тули 23 соли ҳаётам, ягон курс ва ё барномаи тоҷикие наёфтам, ки манро бо забони модариям IT омӯзонад. Ҳаммаи кусрҳое, ки ман хондам, ҳам дар Донишгоҳ ва ҳам аз ҷаҳони онлайнӣ ҳаммааш бо забони хориҷӣ буд.

Агар бо забони тоҷикиҳам мебуд, манро аз забонҳои барномасозӣ шуруъ мекард, дар ҳоле ки ман намедонистам, чӣ тавр дар АСЛ, компютерҳо кор мекунанд.

Баъд аз хатми донишгоҳ дар соли 2023, ман ба хулосае омадам, ки сомонае месозам ва дар ин сомона ба ҳамзабононам маҳоратҳои рақамӣ ва IT-ро аз сифр бо забони тоҷикӣ дарс хоҳам гуфт. Инак, баъд аз 7 моҳи заҳмату талошҳо, мо сомонаро омода кардаем.

Ман бошам баъд аз 4 соли таҷрибаи кории касбӣ дар соҳаи IT, гирифтани диплом аз Донишгоҳи Аврупоӣ, ниҳоятан ҳис кардам, ки ман омодаам курси IT-еро созам, ки Ризо 16 соларо ба ҷаҳони IT роҳ мекушод.

Дӯстони онлайнӣ! Ҳамон вақт фаро расидааст! Вақте расидааст, ки Ризо Гиёев ба тоҷикони сайёра, бо забони тоҷикӣ аз сифр, IT-ро дарс гӯяд. Вақте расидааст, ки аз донишгоҳҳо болотар ва фаротар равем. Вақте расидааст, ки системаи омӯзишро иваз кунем.

Ана барои ин корро кардан, бояд аз донишҳои сертификатҳои стандартии ҷаҳонӣ, истифода барем. Вақте, ки ман аввалин бор корномаи худро дар IT шуруъ кардан мехостам, ба ман як харитае, як роҳе, як нишонае лозим буд.

Ана сипос ба ширкати амрикоии CompTIA, мо ҳамаи донишҳои IT-ро қадам ба қадам, нуқта ба нуқта меомӯзем (яке якбораи аз барномасозӣ шуруъ намекунем ва дар ҳол ноумед намешавем)

IT танҳо барномсозӣ нест. IT АФСОНАВИСТ! IT АФСОНАВИТАРИН корнома, дар асри 21 аст. IT буд, ки зиндагии манро иваз кард. IT буд, ки ман аз ҳуҷраи хурдаки хобгоҳам набаромада, дар як кишвари бегона корнома сохтаму, ҳамчун донишҷӯ зиндагӣ кардам.

IT буд, ки ман бо сари баланд 3,5 сол дар донишгоҳ таҳсил кардаму, маблағе аз волидайн пас аз сини 18 солагӣ нагирифтам. IT буд, ки ман ҳар субҳ интизори АВТОБУС дар истгоҳ, дар фаслҳои сармо нашудам.

Ана IT (Фанновариҳои Иттилоот) дар дохили худ, дунёҳои гуногонро дорад. Ҳар як инсон, дар дунёи IT бояд, ки коре/касбе/маҳоратеро, ёбад ки ӯ дар ҳақиқат онро дӯст медораду аз анҷом додани он лаззат мебарад.

Ана сипос ба сертификати CompTIA IT Fundamentals ва ё “Асосҳои IT аз ширкати CompTIA” номи кутоҳаш (ITF+), ки моро ба ҷаҳони IT шинос мекунад ва донишҳои аввалияро хоҳем гирифт.

Нақша чӣ аст?

Хуб! Акнун Шумо Ҷеленҷи нави манро медонед. Сохтани курсҳои IT. Ман мехоҳам аз ITF+ шуруъ кунам то Ассосҳои IT-ро ба ҳамзабонон фаҳмонам. Баъдан қадам ба қадам ба CSA+ ва ё КиберАмният курсҳои тоҷикиро хоҳам сохт.

Ин солҳои тулониро дар бар мегирад. Агар манро руҳан нашиканад, ва соқу саломат бошам, аз ин кор ҳаргиз даст нахоҳам кашид. Роҳ хело дароз ва тулонӣ аст. Барои ин корро кардан заҳматҳои шабонарӯзӣ лозим аст. Дастгирӣ ҷомеа лозим аст. Сохтани дастаи абарқудрат лозим аст. Диққат каран дар як вазифа барои муддати дароз лозим аст.

Ин корро ман хоҳам кард.

Барои ҳамин, ман Ризо Гиёев аз рӯзи 1-уми Апрели соли 2024, сохтани АФСОНАВИТАРИН курси “ITF”- и тоҷикиро шуруъ мекунам. Аз 1-уми Апрел то 15-уми май, ба торикӣ меравам. Дур аз Шабакаҳои Иҷтимоӣ мешавам. Дур ҳама чизу ҳама кас.

Дигар навор эҷод намекунам! Чун, намехоҳам диққатамро парешон кунам. Шояд барои ин курсро ба омода кардан, ба ман 1,5 ним моҳ лозим бошад.

Шояд 2 моҳ. Намедонам. АФСОНАВИТАРИН скрипт, таҳрир, танзим, сифати балани навор, садо ба дараҷаи кайҳонӣ, ва курси (ITF+)еро месозам, ки туро намемонад хоб рафтан. Туро ба ҷаҳони IT ва ассосҳои он шинос хоҳад кард.

Ин мақоларо ба шакли навор, дар инҷо хонед: ⤵️

Хулоса

Дар як ва ё 2 моҳи оянда навор эҷод нахоҳам кард. Чун ман шахсе ҳастам, ки ҳар кореро мекунам ба он 110%-и энерҷӣ ва диққати худро мегузорам. Наворҳои ман ба дараҷаи касбӣ, ҳикояҳои зебо ва қимат дар дохили худ доранд. Ва ин вақти зиаёд ва заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Вале, шояд ки як рӯз дар ҳафта бо Шумо дар пахши мустақим барои якчанд соат суҳбат хоҳам кард ва ба Шумо навсозиҳоро аз курс хоҳам гуфт.

Ба ҳар касе, ки манро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, сипос мегуям. Шумо ҳастед, ки ман ҳар субҳ барои коре аз хоб мезезам. Шумо ҳастед, ки наворҳои манро тамошо мекунед! Шумо ҳастед, ки маҳсулотҳои сохтаи манро истифода мебаред ва умедворам, ки Шуморо дар курси нав, пахшҳои мустақим ва филмҳои оянда хоҳам дид.

Навсозӣ: Курси ITF+тоҷикӣ дар инҷо нашр шудааст: https://itomuz.com/courses/asoshoi-it/

Scroll to Top