www.itomuz.com
Ҳей Ризо! ITomuz чист?
ITomuz барои омӯзиши маҳоратҳои рақамӣ аст. Мо дидем, ки омӯзиш ва маориф мушкилии калон дорад. Агар имрӯз хоҳем ки ҷомеаи доно, ҳушманд ва абарқудратро созем, ва ин ҷомеа посухгӯ ба ниёзҳо ва талаботи замони муосирро дошта бошад, аввалин навсозиро бояд аз Маориф шуруъ кард. Дар гузушта, мардум аз китоб илм меомӯхтанд. Пасон ба донишгоҳ рафтанро шуруъ карданд. Солҳои охир бошад, марказҳои омӯзишӣ фаъолиятро шуруъ карданд. Вале то ҳол мушкилӣ ба назар мерасад. Мушкилии вақт, мушкилии макон. Мушкилӣ, дар системае буд, ки ба ту дарсҳои нолозимаро барои солҳои зиёд меомӯзонданд. Ана, ин мушкилиро мо бо тариқи Фанновариҳои Иттилоот ва сохтани платформаи омӯзишии онлайнӣ, ҳал кардан мехоҳем.


ITomuz - барои омӯзиши маҳоратҳои рақамӣ
Омӯзгорон, метавонанд аз хонаи худ набаромада, ҳаммаи дониш ва муҳаббати худро якҷоя карда курси баландсифатро созанду дар ITomuz гузоранд. Донишомӯзон бошанд, новобаста аз минтақаи зиндагӣ ба ин курс дастрасӣ пайдо мекунанд ва донишҳои лозимаашонро меомӯзанд.
Мо ба омӯзгорон, донишомӯз меёбем, амнияти маводҳояшро тамъмин мекунем ва ба онҳо имконият медиҳем, ки аз кори дӯстдоштааш нон ёбанду аз зиндагияшон лаззат барад. Вақти кофие барои сипосгузорӣ дошта бошад. Ба дунё бо умеди нек назар кунад ва насли имрӯзро тарбия кунад. Ана ин имконяитҳоро ITomuz фароҳам меоварад.
ITomuz то куҷо фаъол аст?
Мо ҳар рӯз дар болои ин платформа кор карда-истодаем. То имрӯз, мо платформаро барои тест омода кардаем. Донишомӯзон метавонанд курсҳоро қариб аз тамоми дунё харид кунанд. Мушкилие, ки айни замон мо дорем, ин қабули маблағ аз Русия аст. Агар ту кортҳои Visa, Master Card дошта бошӣ метавони курсҳои моро харидорӣ кунӣ. Мо PayPal-ро низ қабул мекунем.
Бале, мушкилии қабули маблағ аз Русияро то ҳол дорем. Вале, мо боварӣ дорем, ки ҳар як мушкилӣ роҳи ҳали худро дорад. Мо ин мушкилиро низ ҳал хоҳем кард. ITomuz нақша дорад, ки Bitcoin/Tether-ро низ, ҳамчун рамзарз барои хуриду фуриши курсҳо истифода барад. Агар ту ягон курс дошта бошӣ ва мехоҳи ки онро дар платформаи мо гузорӣ, лутфан бо мо дар тамос шав.

БИЁ СУҲБАТ КУНЕМ
Ягон савол доред? Мо ҳамеша омодаем, ки дар бораи тиҷорати шумо, лоиҳаҳои нави шумо, имкониятҳои эҷодӣ ва ба кадом роҳҳо мо ба шумо кӯмак карда метавонем, сӯҳбат кунем.