7 сол лозим буд, то ин навор/мақоларо эҷод кунам.

Ин соли 2017 буд. Ман ҳамаги 16 сол доштам. Сипос ба бародаронам, ки ба ман Лаптоп ва Планшетро фароҳам оварда буданд. Рости гап, ман хушбахт будам, ки ингуна таҷҳизотҳоро доштам.

Чун ки, ҳамсолонам орзуи доштани онҳоро мекарданд. Ин таҷҳизотҳо ба ман кумак расониданд, то ба бузургтарин платформаи видеоии саёра, Ютюб дастрасӣ пайдо кунам.

Дар ин солҳо, Ютюберҳои тоҷикӣ нав пайдошудистода буданд. Диловар Сафаров фаъол буд, Фарик аз Руссия навор мекарду ба Душанбе омада бо дӯстонаш суруд мехонд.

Дар он вақтҳо – Вебномаи писандидатарини ман ин вебномаи Viemas TV буд. Муаллифи ин Вебнома Самиев Умед ном дорад ва ӯ аввалин шахсе буд, ки ман аз эҷодкорияш лаззат мебурдам.

Ӯ аввалин Ютюбери тоҷикзабон буд, ки дар борат IT, Барномасозӣ, Илм, Таърихи ширкатҳои бузурги техналогӣ ва умуман мавзуҳое ки ба ман писанд буданд муҳтаво эҷод мекард.

Манҳам, мехостам қисме аз ин насл шуда, навор эҷод кунаму – илму донишу таҷрибаи худро бо тариқи навор ба ҷаҳони онлайн дар намоиш гузорам.

Вале, чизҳои зиёде буданд, ки манро аз аз эҷод кардани наворҳо боз медоштанд.

Ин тарс буд. Ин андешаи мардум нисбати ман буд. Ин масхараи дӯстону ҳамсинфону атрофон буд. Ин шарм доштан, дар назди камера буд. Ин фикрҳои зиёдатии беҳуда буд.

Як сол сипари гашт. Дар тули он як сол ман Вебномаи худро кушодам. Якчанд навор гузоштам. Наворҳои гузоштаамро нобуд кардаму аз орзуи Ютюбер будан даст кашидам.

Вале, дар соли 2018, ба сари Ризо фикри дигаре омад. Азбас, ки Ӯ забони Инглисиро хело хуб омӯхта буд ва якчанд шогирдҳо низ дошт, мехост дар Ютюб Вебномаи навро кушояд ва дар ҷаҳони онлайнӣ ба ҷаҳони онлайн Инглисӣ дарс гуяд.

Ӯ интизор мешуд, то ки синфхонаи забони инглисӣ дар мактаб холи шавад, то дарсҳояшро ба навор гирад. Ӯ бо ҳамсинфаш 3 дарсро ба навор гирифт ва дар Вебномаи наваш гузошт. Вале касе парвои наворҳои ӯро накард. Ӯ ноумед гардид ва аз орзӯи Ютюбер будан дубора даст кашид.

Чун, Дустон, волидайн ва атрофон ба ӯ ҳар гап мегуфтанд:

Ин корро бас кун ба ту фоидае намеорад. Ба имтиҳонҳои дохилшавӣ таёри бин. Наворҳои ту маъное надоранд. Касе туро тамошо намекунад. Ин ҳамааш аз руйи бекориат аст. 

Хуласи гап, ки Ризо Ин Вебномаро низ комилан нобуд сохт.
Пасон дар соли 2019 ба донишгоҳ дохил шуд ва кишвару ватану модарро тарк кард, то ки аз думболи таҳсилу орзуҳояш шавад. Вале дар ин сол вебномаи Zabonomuz фаъолияташро оғоз кард ва идеи Ризо ки Инглисиро ба ҷаҳони онлайнӣ дарс гуяд, Саъди гуфтани муаллими доно ва пуртаҷрибаву касбӣ идома дод.

Саъди ин корро соли 5-ум мешавад ки идома медиҳад ва бузургтарин ҷомеаи Zabonomuz-онро сохта аст. На ба мисли Ризо, ки баъд аз 3 навор эҷод кардан ва 4 сухани бади гушчапарони онлайни, уро аз мақсаду орзуҳояш боз доштанд ва дарҳол ноумедаш карданд.

Омадем ба соли 2020. Дар ин сол Ризо 19 сола шуд. Ба худаш ваъда дод, ки як Вебномаи дигар месозад ва онро новобаста аз вазъияти зиндагӣ, нобуд нахоҳад кард. Дар соли 2020 Ковид 19 омад ва ҳамаро дар хона шинонд.

Ин беҳтарин вақт буд, то Ризо ба эҷодкорӣ руй оварад. Мутаасифона Ризо, ки танбал буд ва дар ин сол, ҳамагӣ танҳо 2 навор эҷод карду халос.

Дар соли 2021 бошад, аз думболи таҳсил ва таҷрибаомӯзиву IT буд. Дар охири ин сол Ризо ҷои кори IT-и расмии касбӣ гирифт. Шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонду Фосилавӣ аз хона кор карданро шуруъ кард. Ин ба ӯ имконият дод, то ба эҷодкори баргардад.

Дар соли 2022 бошад, Ризо ҳамаги 9 навори эҷод карду халос. Чунки ҳам кор мекарду ҳам таҳсил мекарду ҳам баҳона.

Дар тобистони ҳамон сол, дар ҳаёти Ризо як ҳодисаи наве рух дод. Баъд аз 3 соли дуриву-душворӣ, хушбахтона Ковид-19 ба охир расид ва Ризо ба ватан баргашт. 1 моҳи афсонавӣе дар Тоҷикистон дошт, ва акнун вақти он расида буд, ки ба Лаҳистон барои идомаи таҳсил баргардад.

Рузи 29 Августи соли 2022 соати 11:00 субҳ ба вақти Душанбе ҳавопаймо ба Мюнхен парвоз мекард ва Ризоҳам қисме дар он парвоз буд. Баъде, аз парвози тулони ҳавопаймо дар Мнюнхен фуруд омад ва Ризо бо як ҳамватанаш дар ин фурудгоҳ шинос шуд.

 Ҳамватан аз ман пурсид: “Ба куҷо равонаӣ?” Гуфтам: Ман бояд аз Мюнхен, бо Автобус ба Бидгош Лаҳистон сафарамро идома диҳам. Ва ӯ бошад баъд аз якчанд соат, парвозе дошт ба дигар шаҳри Аврупоӣ. Пасон якчанд вақт суҳбатҳо кардем ва у ба ман гуфт, ки ӯ мақоланавис аст. Гуфтам: Чӣ гуна мақола? Дар Вебсаҳифа ин мақаҳоро менависед? Гуфт: Дар Фейсбук! Гуфтан кани як мақолаи худро нишон деҳ: Пасон мебинам, ки ҳамон сафари моро ба Мюнхен чунон зебо навиштааст, ки аз хонданаш лаззат бурдам. Гуфтам, ана ин аст муъҷизаи нависандагӣ. Хушбахтона ман ҳамон ҳикояи навиштаи ҳамватанро скариншот кардам ва то ҳол бо ман аст. 

Мехонамаш:

Маҳз ӯ буд, ки ман навиштани мақолаҳо ва ҳикояҳои ҳаётиамро шуруъ кардам. Аз он вақт ин то ба инҷо ҳамаи наворҳои ман дар Вебномаи Ютюбиам маҳз бо ҳикояҳо Шуруъ мешавад.

Ҳикоясозӣ ва Ҳикоягӯйӣ ин яке аз маҳоратҳои муҳими асри 21 аст. Агар ту тавони наворҳои эҷодкардаатро бо ҳикояҳо рангоранг созӣ алаакай ба бинанда ҷолиб мешавад ва наворҳои туро бисёртар тамошо мекунанд.

Соли 2023 омад. Ризо ба худ ваъда дод, ки новобаста аз вазъияти зиндагӣ ӯ бояд ҳар ҳафта 1 навор дар Вебномаи Ютюбаш нашр намояд. Ӯ ин корро анҷом дод ва новобаста аз вазъияти зиндагӣ ҳар ҳафта як навор барои як сол нашр кард.

Пасон одамон аз кори у хабардор шуданд, тугмаи мақбул гузоштан, шарҳҳо навиштан, ба дигарон ҳамрасонӣ карданд. Ана ҳамин нашрҳои пай-дар-пай ба ӯ имконият дод то ба орзӯи кудакияш расад.

1000 обуначӣ муборак, Ризои 16 сола.

Ин ҳокия навишта шудааст, дар 28.12.2023 соати 1:58 (нисфи шаб) ба вақти Варшав. ✍️

Ризо Гиёев
Муассиси ITomuz

Навори ин ҳикояро дар зер бубинед: ⤵️

Scroll to Top