Дуруд 👋

Ин аввлҳои соли 2022 буд. Замоне буд, ки КриптоМаблағҳо ба дараҷаи максималӣ машҳур шуда буданд ва мардум аз думболи омӯзиши ин техналогияҳо ва хусусан “блокчейн” мушуданд.

Ман низ, ба мисли дигар кудакони интернетӣ, мехостам аз техналогияҳои нав бехабар намонам.

Сипос ба Ютюб, ки ин наворро ба ман пешниҳод кард. (Абдуло Блокчейн)

Сабабе, ки ман ба он навор зер кадам он буд, ки дар болорасми навор, Идеали ман дар соҳаи тиҷорати кишвар – Абдулло Қурбонов намоён буд.

Вале, як чиз ғайриоддие ба назар мерасид. Абдуллои гиромиро ман танҳо дар Вебномаи Ютюбии Алиф тамошо мекардаму як борҳам дар суханронияш дар соли 2019 дар китобхонаи миллии кишвар дида будам. Ин дафъа бошад, ӯро дар вебномае тамошо мекунам, ки ном дорад Китобхон.

Баъд аз тамошои ин барномаи ҷолибу-таъсирбахши пур аз ғизои ақл, ман ба ин барнома вобаста Шудам. Якчанд наворҳои дигари ин вебномаро тамошо мекардаму, ба ҳар як барнома тугмаи мақбул мегузоштам.

Пасон ба хулосае омадам, ки дар ин Вебнома обуна шавам то ҳар ҳафта интизори нашри нави барномаҳо аз ин Вебнома бошам. Руз то руз, ҳафта ба ҳафта, моҳ ба моҳ, ин ҷомеъа бузург шудан мегирифт.

Одамони донову ширинсухан, мутахасисону муаллимон, китобнависону эҷодкорон ва умуман шахсоне ки ишқи зиёд ба илм ва китобхонӣ доштан ба ин барнома даъват мешуданд. Ман низ онҳоро дида, орзу доштам, ки рӯзе дар ин барнома иштирок намоям.

Баъдан, дар соли 2023 ба хулосае омадам, ки ягона роҳе ки ман метавонам ин барномаро ба худ ҷалб кунам – ин намоиш додани кори худ ба ҷаҳони онлайн аст. Ҳаракат кардам новобаста аз вазъияти зиндаги ҳар ҳафта як навори баландсифату пурмазмун дар Вебномаи Ютюбиям нашр намоям.

Ман ки бисёртар шавқу рағбати зиёд дорам ба техникаву-техналогия, дидам ки рузи 10 октябри соли 2022, дар вебномаи Китобхон навори наве нашр шудааст ва ном дорад:

Далер Шариф дар мавриди зарурати таблиғи андешаи технологӣ”

Ба худам гуфтам:

“Ин аст вақте ки ту бояд қадами аввалро гузорӣ! Ту бояд ба ин навор вокуниш нишон диҳи то ҷомеаи Китобхон аз кори ту хабардор шаванд”

Ман ин корро кардам. Ба ин навор вокуниш нишон додам, ва ин навор яке аз сертамошобинтарин наворҳо дар таърихи Вебномаи Ютюбиам гардид.

Аз ҳама муҳим, Далер Шариф аз кори ман хабардор гардиду ба навори ман тугмаи мақбул гузошт. Ё ин ки не? Акаи Далер, Лутфан тасдиқ кунед. Шарҳам навишт.

Ман ба мақсади худ расидам. 100-ҳо обуначии нав ба Вебномаи ман пайвас шуданд ва Далер Шариф ба ман паём навишт, ки мехоҳад манро дар яке аз барномаҳои Китобхон бубинад.

Вале, дар инҷо мушкилие буд. Ман бояд ба Душанбе парвоз мекардам, ва ё ин, ки барномаро сӯҳбат накардан бо акаи Далер мегузаронидам. Ба саволҳо ҷавоб медодаму наворро сабт мекардам.

Аммо яке хоҳишҳои зиёди ман аз ин барнома ин сӯҳбати зинда бо Далер Шариф буд ва якчанд дӯстон низ тавсия доданд, ки ба акаи Далер сӯҳбати видеоие анҷом деҳ то ки барнома шафофтар гузарад.

Мо ин корро кардем. Ба акаи Далер ин идеаи пешниҳод кардем ва хушбахтона ӯ ин идеаро хуб пазируфт. Ман шодам, ки баъд аз 110 нашри ин барнома ман аввалин меҳмоне будам, ки берун аз кишвар тавонистам фосилавӣ иштирок намоям.

Аз ҳама ҷолибаш он аст, ки ин иқдомро дар Фейсбук мардум хело хуб пазируфтанд ва дигар тоҷикони сайёра низ, новобаста аз минтақаи истмқомат дар он иштирок карда метавонанд.

Сипоси фаровон – ба ҷомеаи китобхон ва лоиҳаи Китобхон!

Ин наворро дар шаклӣ видеоӣ бубинед: ⤵️

Ризо Гиёев
Муассиси ITomuz

Scroll to Top