Дуруд 👋

Ҳаёт як саёҳати олиҷанобест, ки пур аз гардишҳо, мушкилотҳо ва лаҳзаҳои шодии амиқро дар худ дорост.
Ин гобелен-беохири садҳо қарори хурдест, ки мо ҳар рӯз қабул мекунем ва ин қарорҳои хурд ҷамъ мешаванд, то таҷрибаи зиндагии моро эҷод кунанд.

Мушкили дар он аст, ки онҳо хеле зиёданд, мо метавонем ба изтироб ва стресс дучор шавем, то ҳар якеро оптимизатсия кунем ва ҳар дафъа дар бораи интихоби беҳтарин ғами зиёдатӣ хурем. Агар нахоҳед, ки ғами зиёдати хуред барои қабул кардани қарорҳои хурд, ба Шумо лозим аст – то қоидаҳои муйянро созед ва ё риоя кунед. ✔️

Маҳз ана дар ҳамин мақола/навор ман дар бораи 8 қоидае сӯҳбат мекунам, ки ман онҳоро риоя мекунам ва онҳо ба ман кумак мерасонанд то ки ҳаётамро идора кунам ва ғами зиёдати нахурам. ✔️

Қоидаи Аввал Ном Дорад: ИЭП

Истеъмол Кардан
Эҷод Кардан
Пайваст Шудан

Ман ку – техникаву техналогияро дӯст медорам ва ин қоидаро маҳз ҳар рӯз барои он истифода мебарам.

Вақте, ки дар Ютюб як техникаи навро мебинам ва ё дар мағоза ягон техникаи афсонавӣ пайдо шудааст ва ман ба диданаш меравам, пеш аз он ки онро харидорӣ кунам, ҳамин ИЭП ба хотирам меояд. 📽️✔️

Ман фикр мекунам:

Оё ин маҳсулот, ба зиндагии ман ягон қиммате меорад? Оё ин ба ман кумак мерасонад то ки маълумтоҳои лозимаро осонтар ва фаҳмотар истеъмол кунам?

Барои ҳамин харидани китоб беҳтар аст, чун ки ту метавони маълумотро бе ягон огоҳинома туро халал расонидан истеъмол намоӣ. 📚

Дуюм ин ки: Оё ин чизи нав ба ман кумак мерасонад то ки эҷодкор бошам? Маҳз барои ҳамин харидани ягон Роёнаи нав ва ё Комютери абарқудрате, ки 12 GB видеокарта дорад, ин ба ту кумак мерасонад то ягон чизро эҷод намоӣ.

Сеюм ин ки:

Оё ин маҳсуол ба ман кумак мерасонад то бо модарам дар тамос бошам. Оё ман дар ҳақиқа аз iPhone 12 ба iPhone 15 гузариш кунам? Агар ҳа, оё ин ба ман кумак мерасонад то бо дӯстонам беҳтар пайваст шавам?

Баъд аз риоя кардани ИЭП ман ба хулосае меоям: Ин техникаро харидори намоям ва ё не? Агар ҷавоб не бошам ман ин техникаро намехарам.

Сармоягузорӣ Дар Чизҳое Менамоям, ки Манро аз 0 ба 1 Мебаранд. На аз 1 ба 1.1

Барои мисол:

Агар ту телефони мобилӣ надошта боши ва телефони нав гирӣ инро мегуем аз 0 ба 1. Вале, агар ту iPhone 7 дошта бошӣ ва ба iPhone 11 гӯзариш намоӣ ин аз 0 ба 1 нест. Ин аз 1 ба 1.1 аст. Ин навсозии хело хурд аст.👀

Барои ҳамин одамон аз ман мепурсанд, ки чи намуди техника харидорӣ менамоем то 5 000 сомонӣ.💳

Ҷавоби ман ҳамавақт Компютер аст. Чунки ин таҷҳизоте аст, ки зиндагии донишҷӯӣ ва корриатро комилан иваз мекунад.

Барои ҳамин ман як умр аз думболи 0 ба 1 ҳастам. Аз надоштани комютер то ба доштанаш. 🧑🏻‍💻

Ҳа & Албатта & Не

Ин қоидаро ман дар як навори дигар гуфта будам ва ин аз китоби Дерек Сиверс аст ки ном дорад “Hell Yeah or No”. Ман қисми навори гузаштаро мегузорам.

“Вақте ки мо ҷавон ҳастем ва наонқадар имкониятҳо дорем – дар ҳаётамон, мо шояд ки қариб ба ҳама корҳо ҷавоби ҲА-ро мегуем. Вале вақте ки мо каме калон мешавем, мутахасис мешавем, мақсадҳо мегузорем ва масъулиятҳои зиёдро бар душ мегирем, пасон ба мо лозим аст ки ба ҷои ҲА → Албатта гӯем!

Мақсад ин аст: Агар ин амал – дар ҳақиқат ба мо дар тиҷорат, таҳсил, кор ва зиндагиамон кумак расонад ҷавоб бояд Албатта бошад ва ё НЕ! “

Ин дарсест ки ман бояд худро ҳар руз хотиррасонам намоям ва то ҳол ин қоидаро хуб риоя караднашро наомӯхтаам. Барои мисол дар ITomuz ба ҳамдастаҳо дар моҳи Ноябр ба хулосае омада будем, ки ба Телеграм равем ва ман ҷавоби Ҳа-ро гуфтам. Вале баъд аз 1 моҳи истифода ба хулосае омадам, ки макони хуб нест. Вақтро зиёд мегирад ва одамони қалбаки ва беному нишон зиёданд. 👀

Афсонавӣ Душмани Хуб Аст

Ин маънои онро дорад, ки ту бояд ба худ иҷозат надиҳи, то барои кори афсонавӣ кардан аз кори хубро ба итмом расонидан даст каши. Бисёре аз вақтҳои мо ғами зиёдати мехурем:

“Эҳҳҳ ман мехоҳам афсонавитарин эҷодкор бошам дар таърихи кишвар. Ман мехоҳам беҳтарин футболбоз бошам дар дастаам. Ман бояд беҳтарин наворро эҷод кунам.” 

Ҳамин ғамхурии зиёдати метавонад туро аз эҷод кардани кори хуб боз дорад ва шояд ту он корро ба итмом нарасонӣ. Чун ки агар корреро ба итмом расонӣ ва он сифаташҳам бад бошад, ту аз он ягон чизе меомӯзӣ ва ин ба ту кумак мерасонад то корҳои АФСОНАВӢЕРО анҷом диҳӣ.

Тамошои Телевизион ва Бози Кардани Бозиҳои Комютери-ро танҳо бо Одамон Анҷом Медиҳам

Вақте, ки ман наврас будам, як умр аз думболи тамошои бозиҳои футбол будам. Ягон бозии Ҷоми Ҷаҳони 2014 ва 2018 – ро аз даста намедодам. Ҳатто, Ҷоми Ҷаҳони соли 2014, ки дар Бразил буд ва дар Душанбе субҳ мешуд, ман то бозии Аргентинаро тамошо намекардам, хоб намерафтам. Вақте ки донишҷӯ шудам, хонаву кишвару модарро тарк кардам то ки аз думболи орзуҳоям шавам. Дар ин вақтҳо, дигар телефизионро тамошо карданро бас кардам ва ҳатто гоҳ-гоҳе мешуд, ки бозиҳои хелоҳам муҳимро тамошо мекардам. Тули 5 сол мешавад, ки дигар аз думболи тамошои ҳаммаи бозиҳо нестам ва танҳо агар даври финаллии бозиҳо бошад ва дӯстонам даъватам кунанд, мераваму бо онҳо телевизион тамошо мекунам.

Ҳатто бозиҳои комютериҳам дар як моҳ агар 2 бор бозиҳам кунам, онро низ бо дӯстонам якҷоя шуда анҷом хоҳем дод. Ин метавонад вақти хелоҳам зиёдро ба ман кушояд то ки корҳои бузургтар ва муҳимтарро анҷом диҳам.

Қоидаи шаш-ум ном дорад: Қадами Аввалро Ту Гузор 🪜

Ин қоида мегӯяд, ки ҳама дар саёра замин одамони хуб ҳастанд. Вале, аввалин қадамро ту бояд гузорӣ. Ин қоидаро ман дар вақте истифода мебарам, ки дар куча ҳастам ва бо ягон одами бегона мехоҳам сӯҳбат кунам. Вале шарм медорам то ки “Руз ба хайр!”- гуям. Ва ё бо ягон ҳамкори нав ё ин ки дар ягон мусоҳиба аввалин шуда суҳбатро оғоз кунам. Ту фикрҳои зиёдати мекуни:

 “Оҳҳ Агар ҷавоби рад гирам чӣ? Ба ман ҷавоб надиҳад чӣ?”.

Дар 99%-и вақтҳо, ҳама ба ту ҷавоб медиҳанд ва ягон мушкилие ба миён нахоҳад омад. Ба ман бовар кун. 👀

Навис Рӯзи Истироҳатиатро ✍🏻

Ин қонуне аст, ки ман худам онро ихтироъ кардам барои худам. Одатан, дар тақвими худ дар як моҳ 3-4 рузро интихоб мекунам ва менависам, ки дар ин рӯз чӣ коре хоҳам ҳамонро мекунам. Дар он рӯз одатан аз компютер ва миззи корриам дур мешавам ва ба хонаи дӯстам меравам то гигитара навозему суруд хонем ва ё ба тарабхонаи Ҳиндустонии маркази шаҳр равем. Баъдан, дар кучаҳо шаҳри Бидгош қадам мезанем ва ё ба бозиҳои комютерӣ машғул мешавем. Ин аллакай манро барқарор месозад ва ҳафтаи нав, рӯзи нав, ҳадафҳои навро оғоз мекунаму боз ба риоя кардани реҷаи рӯзам бар мегардам.

Сафар Пеш аз Самт/Ҳаёт Пеш аз Мурдан 🛣️

Ман як умр дар бораи Сафар Пеш аз Самт фикр мекунам. Ҳама чиз дар ҳаёт дар бораи сафар аст.

Мисол:

Мақсад гузоштан, ки ман то охири сол 1000 обуначӣ ҷамъовари мекунам. Баъд аз 4 сол диплом меграм. Ва ё бузургтарин платформаи омӯзишии онлайниро месозам. Ин танҳо охири кор аст ва ё ин ки самт аст. Сафаре, ки ба суи ин орзуҳову ҳадафҳо моро мебарад муҳимтар аст. Вақте, ки ту ба мақсадат расиди барои 10 дақиқа шод мешави ва ҷашн мегирӣ.Пасон боз аз думболи як мақсаду ҳафдафи нав гузоштан мешавӣ. Аммо гап дар бораи сафар ва ҳаловат бурдан аз он меравад. Чун, ки мо қариб 100%-и вақти худро дар сафар мегузаронем.

Агар хоҳед, ки шакли пурраи ин мақоларо бо тариқи навор бубинед, лутфан ба навори зерин нигаред!
Сипос, ки бо ман ҳастед ва мақолаҳои манро мехонед. Агар, ки ба Шумо писанд бошанду мехоҳед ба ман паёме равон кунед, лутфан ин корро анҷом диҳед. 🙌🏻
Ин аст имейли электронии ман: rizo@rizogiyoev.com Ман ба паёмҳои ҳамаатон ҷавоб хоҳам навишт.

Бо эҳтиром,
Ризо Гиёев
Мудир/Муассис дар ITomuz ☕
www.itomuz.com

Scroll to Top