Ширкатҳо & Хизматрасониҳо

ITomuz

Дар гузушта, мардум аз китоб илм меомӯхтанд. Пасон ба донишгоҳ рафтанро шуруъ карданд. Солҳои охир бошад, марказҳои омӯзишӣ фаъолиятро шуруъ карданд. Вале то ҳол мушкилӣ ба назар мерасад. Мушкилии вақт, мушкилии макон. Мушкилӣ, дар системае буд, ки ба ту дарсҳои нолозимаро барои солҳои зиёд меомӯзонданд. Ана, ин мушкилиро, мо бо тариқи Фанновариҳои Иттилоот ва сохтани платформаи омӯзишии онлайнӣ, ҳал кардан мехоҳем. www.itomuz.com

Ризо & Омӯзгорӣ

Аз хурдӣ, ба омӯхтан ва омӯзонидани маҳоратҳои худ ба дигарон, шавқу рағбат ва ишқи беандозае доштам. Ҳатто, вақте ба дастаи футболи ноҳияамон пайвастам, манро ҳамчун капитани даста интихоб карданд. Чун, ман одамонро дӯст медорам ва кор бо одамон, ба ман хело осон меояд. Ана вақте синфи 10 шудам, зиёда аз 8 шогирд доштам. Онҳо ба ҳуҷраи хурдакаки ман меомаданду ман ба онҳо Инглисӣ дарс мегуфтам. Ана имрӯз, ки ман донишгоҳро хатм кардаам ва зиёда аз 4 соли таҷрибаи кории касбӣ дар соҳаи IT дорам, хостам кори бузугртареро анҷом диҳам.

Ҳей Ризо 👋🏼

“Ҳей Ризо!” @hejrizo

Ин ҷумлаи саволӣ, ба дӯстони онайнии ман хело писанд омад. Дар шарҳҳо онро бисёр навиштанд. Пешниҳод кардан, ки бо ҳамин ном, вебномаи Ютюбии дигар созем 🎥

Ин вебнома, барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани наворҳои кутоҳи ҷолиб, аз пахшҳои мустақим мебошад. Дар оняда, ҳаммаи подкастҳо, баҳсҳо, навгониҳо дар ин вебнома нашр мешаванд. 

Пайгирӣ кунед 😉

БИЁ СУҲБАТ КУНЕМ

Ягон савол доред? Мо ҳамеша омодаем, ки дар бораи тиҷорати шумо, лоиҳаҳои нави шумо, имкониятҳои эҷодӣ ва ба кадом роҳҳо мо ба шумо кӯмак карда метавонем, сӯҳбат кунем.

Scroll to Top