Дуруд 👋
Ман як мушкилӣ дорам. Ин мушкилӣ он аст, ки ман кору таҳсили зиёдe мекунам.
Дар 6 моҳи охире, ки ба Гданск кӯчидам бисёре аз рӯзҳоям чунин буд: Соати 8:20 аз хоб мехестам. Агар он рӯзи корӣ аз оффис мебуд, ҳеч чиз нахӯрда дучархаамро мегирифтаму ба офиси ширкатам мерафтам. Агар он рӯзи корӣ аз хона мебуд, пас бисёртар хоб мекардам.
Соати 9 қаҳваамро менӯшидам, ба кор омода мешудам ва нисфирӯзи бошад дархости хӯрок мекардам. Рӯзамро то бегоҳ дар оффис ва ё хона мегузаронидам ва баъд аз кор дар болои лоиҳаҳои омӯзишиям кор мекардам. Агар хушам меомад, ба толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва ё сауна мерафтам. Агар не, пас тамом! Ба ҳамин рӯзи ман ба итмом мерасид.
Ҳамаи шумо медонед, ки ман то чӣ андоза корамро дӯст медорам. Вале, он меҳри зиёд метавонад манро ба корам вобаста кунаду тамоми ҳаётамро гирад. Манро нодрурст нафаҳмед. Боза мегӯям. Ман корамро дӯст медорам. Аммо, бисёри бад дар мавридаш фикр кардан манро ба стресс меорад. Дар дилхоҳ вақти рӯз ман дар мавриди омӯзиши маҳорати нав, калимаҳои нав, эҷоди маҳсулоти нав фикр мекардам.
Ҳар вазифае, ки ба корам рабт надошту анҷомаш медодам, баъд аз анҷомаш худро хело бад ҳис мекардам. Баъдан аз он, ки ба Гданск кӯчидам, 2 соли охир ба ватан нарафтам, танҳо дархости хӯрок мекардам, 6 моҳи охири ҳаётам, танҳо аз кору таҳсил пур буд, фаҳмидам ки — ин зиндагии ман ҳеч ором ва мутавозин набудааст.
Барои ҳамин дар 2 моҳи охир ман 3 диграгуниҳои бузург кардам то он оромӣ ва тавозунро барқарор кунаму аз ҳаётам зиндагиям лаззат барам.
Як чизи буруге, ки ҳеч гоҳ нагузошт, ки ман аз кори зиёд кардан даст кашам, он буд ки ман ягон сабаби бузурге надоштам, ки аз корам дур шавам. Албатта, ки ту метавонӣ дастгоҳи мобилиятро гирифта худро аз кор бекор кунӣ. Ва ё телевизион тамошо кунӣ. Аммо ин ҳеч маъное надорад ва аз ин дида кору таҳсил кунӣ беҳтар аст.
Аммо агар хоҳӣ, ки аз кор дур бошиву бо дӯстону волидайнат вақтро гизаронида суҳбатҳои пурмаъно кунӣ, пас ба ту вақт, пул ва сарҷамъкунии онҳо лозим аст. Акнун ман, ки дар Лаҳистон зиндагӣ мекунам ва он қадар дӯсту ошно надорам, ин яке аз сабабҳои бузург буд, ки танҳо кору таҳсил мекардам.
1. Парвоз ба Душанбе
Ба хулосае омадам, ки билети ҳавопаймо харида ба Душанбе парвоз мекунам. Хатсайрам чунин буд: Варшав — Остона — Душанбе. Ман, ки дар Гданск зиндагӣ мекунам ба хулосае, омадам ки ба хонаи дустам Ҷеремӣ меравам. Ҷеремиро мешиносед. Ӯ дар Варшав зиндагӣ мекунад. Барои парвозам, вақти зиёд, ки доштам ӯро ба ошхонаҳои тоҷикӣ дар Варшав бурдам. Хурокҳои миллӣ хурдему баъд аз як чанд соат ман ба Остона пойтахти Қазоқистон парвоз кардам.
Қазоқистон ин дафъа манро он қадар хуб напазируфт. Дар ин маврид як навори дигар кардаам ва шумо онро дар саҳифаи YouTube — ам метавонед бубинед. Хулоса, баъд аз парвози тулонӣ ба Душанбе расидам. Ин як моҳро бо дӯстону аззизонам хотирмон гузаронидам. Аз тамошои мошинҳои Аврупоӣ дар мошнибозор, то ба сайругашт дар деҳаҳои наздик ба Душанбе.
Аз футболбозӣ бо ҳамдеҳаҳо то ба омӯзиши забонҳо бо кӯдакони хона. Дар 6 соли охир ин бори аввал буд, ки зодрӯзамро бо азизонам гузаронидам. Ба мактабам рафатам ва бо омӯзгоронам дар суҳбат шудам. Дар синфҳои ҷиянҳоям ворид шуда бо онҳо якҷоя дарс хондам. Дар Душанбе бо одамони зиёде шинос шудам ва ҳақиқатан аз реҷаи корие, ки доштам дур шудам.
2. Муҳити шумо
Омили дигари муҳим ин муҳити зисти шумост. Чи тавре, ки медонед, ман пеш аз он ки ба Гданск кучам қариб 3 сол фосилавӣ аз хона кор ва таҳсил мекардам. Вақте, ки ту фосилавӣ аз хона кор мекунӣ, наметавонӣ ҳаёти кориро аз шахсӣ ҷудо кунӣ. Дар як миз таҳсил мекунӣ, дар як миз кор мекунӣ ва дар як миз ҳам хуроки нисфирӯзиву хуроки шом мехӯрӣ.

Вақте, ки ҳаво хуб буд, ман ошхонаи наздики иҷрохонаам мерафатам. Вақте, ки дӯстам меомад ман як мизи дигааро дар байни хона гӯзошта бо ӯ якҷоя хурок мехӯрдем. Дар он солҳо ман фикр мекардам, ки кори фосилиавӣ ин беҳтарин кор аст. Чун ту аз ҳар субҳ аз хоб барвақт хеста, дар истгоҳҳо интизори автобусту трамваю метро намешавӣ.
Вале, дар соли 2024, ман бу хулосае омодам, ки онро ба тавозун дарорам. Бояд, ки дар як ҳафта 2 — 3 маротиба ба оффис равам ва бо инсонҳо пайваст шавам. Чун, ки кор аз хона манро ба мисли робот карда буд.
3. Реҷаи солим
Маслиҳати сеюм ва охирине, ки ба шумо дар пайдо кардани тавозун дар зиндагӣ кумак мекунад, ин муайян кардани реҷаи солим ва пайравӣ аз он аст. Реҷаи солим ба он асос меёбад, ки шумо мақсадҳои муҳимтарини худ ва чизҳое, ки ба шумо хушбахтӣ меоранд, муайян кунед ва барои онҳо вақти кофӣ ҷудо кунед.
Муҳим аст, ки воқеаънигар бошед ва дар замоне, ки барои ҳар кор ҷудо мекунед, аз ҳад нагузаронед. Зеро агар ҳамеша худро зери фишор эҳсос кунед ва ҳис кунед, ки ҳар рӯз вақт намерасад, аз реҷаи худ хаста мешавед.
Ҳангоми тартиб додани реҷаи ҳаррӯза, кӯшиш кунед, ки он бо тавозун ва солим бошад. Агар реҷаи шумо ноустувор ва хастакунанда бошад, пас аз чанд ҳафта онро тарк мекунед. Ҳатман барои истироҳат ё корҳои дилхоҳи худ вақт ҷудо кунед, то қувваи худро барои вақти корӣ барқарор кунед.
Реҷаҳо бештар бо худидоракунӣ ва интизом алоқаманданд, аммо чизи ҷолиб он аст, ки ҳар кадоми мо барои чизҳои гуногун ба интизом ниёз дорем. Баъзеҳо бояд худро маҷбур кунанд, ки аз ҷои худ хеста, ба кор шурӯъ кунанд, дар ҳоле ки дигарон ба интизом ниёз доранд, то барои ҳаёти шахсии худ ҷой боз кунанд.
Малан худам. Бале, ин хандаовар аст, вале ҳақиқат ин аст: интизом танҳо дар бораи бештар кор кардан нест. Интизом он аст, ки тавозуни ҳаётатонро дар муддати дароз нигоҳ доред. Ман, ки бештар корхон ҳастам, ҳоло кӯшиш мекунам, ки фаъолиятҳои гуногунро ба реҷаи худ ворид кунам, то аз кор каме дур шавам, қувваи худро барқарор кунам ва аз ҳар лаҳзаи зиндагӣ лаззат барам.
Масалан, ман ҳоло ҳар саҳар 10 дақиқа медитатсия мекунам, то фикру ақламро ҷамъ кунам ва рӯзро бо равшании хотир оғоз намоям. Баъди хӯроки нисфирӯзӣ каме истироҳат мекунам, дар ҳавлӣ китоб мехонам ё бо дигарон вақтгузаронӣ мекунам. Ва соати 6-и бегоҳ ман корро тамом мекунам, то ба корҳои шахсии худ вақт ҷудо кунам. Масалан, ҷойҳои навро меомӯзам, бо дӯстонам вақт мегузаронам, забон меомӯзам ё ба толори варзишӣ меравам. Ҳоло кӯшиш мекунам ҳафтае се маротиба ба варзиш машғул шавам, ва ин хеле хуб аст.
Дар рӯзҳои истироҳат, ман кӯшиш мекунам, ки пурра аз кор дур бошам ва бештар ба ҳадафҳои шахсӣ, дидор бо дӯстон ё истироҳати ором диққат диҳам. Ин ҳудудҳоро барои худ гузоштам, зеро бисёр вақт фаҳмидам, ки ба корҳои корӣ чунон саргарм мешавам, ки корҳои шахсии худро ба қафо мегузорам.
Сохтани реҷаи дуруст як раванди тӯлонист. Баъзан моҳҳо ё ҳатто солҳо мегузарад, то реҷае созем, ки воқеан ба мо мувофиқ бошад. Барои ин бояд таҷриба кунед, онро танзим намоед ва бинед, ки чӣ гуна он дар амал кор мекунад.
Хулоса
Дар ду соли охир ман як чизро амиқ фаҳмидам: агар мехоҳед хушбахтӣ ва муваффақияти бардавом дошта бошед, тавозун бояд бахши асосии зиндагии шумо бошад. Ҳар чизе, ки аз ҳад зиёд мешавад, дер ё зуд нороҳататон мекунад. Аз ҳад зиёд кор кардан шуморо танҳо ва хаста мекунад, ва вақте ки аз ҳад зиёд вақтхушӣ мекунед, эҳсос мекунед, ки гӯё дар зиндагӣ ҳадафе надоред.
Ман ҳамеша фикр мекардам, ки зиндагиро бояд бо дастони худ созем. Агар мехоҳед ба чизе бирасед, бояд кор кунеду сахткӯширо фаромӯш накунед. Ҳоло ҳам ба ин бовар дорам. Лекин ҳеч гоҳ набояд саломатии ҷисмонӣ ва равонии худро барояш қурбон кард.
Дар моҳҳои охир ман нисбати истироҳат як диди тамоман нав пайдо кардам. Пештар фикр мекардам, ки истироҳат фақат вақтро зоеъ мекунад ва барои кору тиҷорат фоидае надорад. Вале ҳоло фаҳмидам, ки бе истироҳат мо наметавонем ба қувваи пурраи худ эҷодкор бошем. Истироҳат бояд як қисми муҳим ва ҳатмии ҳаррӯзаи зиндагии мо бошад.
Тағйир додани муносибат нисбати истироҳат – беҳтарин роҳи халос шудан аз эҳсоси пушаймонӣ ҳангоми лаззат бурдан аз ҳаёт аст. Ман ба шумо, хусусан ба одамоне, ки ба мисли ман сахтгир ҳастанд, тавсия медиҳам, ки ба худ сахтгир набошед.
Муҳити худро дуруст кунед. Бо одамоне, ки орзуву ҳавасҳои монанд доранд, вақти худро гузаронед. Ба реҷаи солими зиндагӣ гузаред ва ба худ вақти бештар диҳед, то зиндагӣ тавонад худ ба худ ҷараён гирад.
Зеро пас аз 10 сол, кадоме аз мо мехоҳад ба гузашта нигоҳ карда, гӯяд: «Ман он қадар серкор будам, ки фаромӯш кардам зиндагии ҳақиқиро эҳсос кунам», «Ман он қадар машғул будам ки нафаҳмидаам умрам гузаштааст».
Пас, назму тартибро ёбед ва аз ҳар лаҳзаи зиндагӣ лаззат баред.
Шумо метавонед ин мақоларо ба шакли видеоӣ дар навори зерин бӯбинед: