Забонҳо
Онҳо танҳо воситаҳои муошират нестанд; Балки инъикоси дурахшони фарҳанг, таърих ва шахсияти башар мебошанд. Инрӯзҳо, агар ту хондан, навиштан ва суҳбат карданро натавонӣ, пас зиндагият хело душвор хоҳад шуд.
Ҳар як корнома, ҳар як вазифа, ҳар як ҷомеъа ва ҳар як кишвар, ба шахсоне ниёз даранд, ки суханваранду забондонанду хушгуфтор.
Ана маҳз барои ҳамин, падару модар, мактаб ва ҷомеа, ба мо мегуянд, ки мо бояд, ки забон омӯзем. Вале, дар инҷо мушкилӣ аст:
Падару модар, мактаб ва ҷомеа фикр мекунанд, ки барои омӯхтани забонҳо мо бояд, ки ба донишгоҳ равем. Маблағҳои ҳангуфт дар марказҳои омӯзишӣ масраф кунем.
Вале, ман Ризо Гиёев ин корро намекунам. Дар ин навор/мақола, ман ба Шумо дигар роҳеро мегуям, ки агар он роҳро тай кунед, шояд ки дар як соли оянда аллакай се забонро ба дараҷаи мӯошират хоҳед омӯхт.
Биёед аввал, дар бораи ман ва саёҳати забономӯзии ман суҳбат кунем. Ман Ризо Гиёев ҳастам. Тули 4 соли охир, ман ҳамчун мутахасиси IT дар ширкатҳои гуногун, фосилавӣ кор ва фаъоляит мекунам.
Дар соли 2023, баъд аз хатми донишгоҳ бо дигар ҳаммуассисонам ITomuz-ро таъсиси додем.
Соли 2019 бошад, дар сини 18 солагӣ, Душанберо тарк кадам то аз думболи таҳсил шавам. Дар он вақтҳо ман танҳо бо забони Инглисӣ ба дараҷаи касбӣ сухан мерондаму халос.
Бале, дар ҳоле, ки дар кишваре таваллуд шуда будам, ки забони давлатӣ тоҷикӣ асту, мутаасифона, ман бо забони тоҷикӣ ба дараҷаӣ касба гуфтугӯ карда наметавонистам.
Ана забони русиям бошад, танҳо ба дараҷаи муошират буду, халос. Ҳатто, то ҳол, ман ин забонро инкишоф надодам. Чун, ба ман умуман дар зиндагиям лозим набуду нашуд. Вале, ба ҳар ҳол ба мисли дигар тоҷикони Тоҷикистон, ман ин забонро дар мактаб омӯхта будам ва бо русзабонҳо гуфтугу кардан ба ман душвор набуд.
Баъд аз он, ки ба Донишгоҳ рафтам. Диплом гирифтам. Ба дигар давлатҳои саёра саёҳат карам. Бо одамони дигарзабон шинос шудам. Бо онҳо дар як миз, қаҳва нушидам. Баҳсҳо кардам. Таҳсил кардам. Ба забонҳои онҳо аз наздик шинос шудам. Ва ба хулосае, омадам, ки забономӯзӣ дар асл душвор нест.
Мо набояд, танҳо барои 1 забонро омӯхтан 4 сол масраф кунем. Ҳаёт хело кутоҳ аст, танҳо барои як забон омӯхтан.
Ана ба хулосае, омадам, ки дар Notion ман як базаи додаҳо месозам. Ҳар як сомона, ҳар як барномаи мобилӣ, ҳар як маводи ройгон, ҳар як платформаи омӯзишӣро дар ин базаи додаҳо илова мекунам. Ин маҳсулоти рақамиро ман “Захираҳои ройгон барои Забономӯзӣ” номгузорӣ кардам. Онро аз руи маҳорат, аз руи минтақа ва аз руи намуд ҷудо кардам, то ба ман осонтар гардад ҳамон маводро ёфтан.
Ин маҳсулотро Шумо аз инҷо ройгон дастрас кунед : -> Барнома барои омӯхтани забонҳо
Баъдан чӣ кор кардам? Аз хона набаромда забономӯзиро шурӯъ кардам. Ана маҳз дар ин навор, ба ҳамаи ҳамватанони забономӯз, ба ҳамаи тоҷикони забонфаромушкарда ва ба дӯстони онлайниям, ин маҳсулоти рақамиямро ройгон туҳфа мекунам. (То ки дигар баҳона накунанд)
Ин мақоларо дар шакли навор бубинед: ⤵️
Ризо Гиёев
Муассиси ITomuz