Дуруд 👋
Бисёре аз одамон мегуянд, ки баро мувафақ шудан дар ҳаёт ба онҳо энерҷӣ намерасад.⚡ Як қисми дигари одамон мегӯянд ки, ба онҳо дониш/чӣ тавр тавонистани ҳамон кор намерасад. 📚 Як дусти онлайнии ман бошад, дар коммент менависад ки ба Ӯ -ТАҒА намерасад.🧔🏻♂️ Валле ин дар асл нодуруст аст…
Хуб нигоҳ кунед, хонумон ва ҷанобон. ⚠️ Ман медонам, ки бисёре аз Шумо ки ин наворро тамошо доред, ҳис мекунед ки дар ҳақиқат худро гум кардаед. Ва ман боз медонам, ки Шумо дар ҳаёт орзуҳову мақсадҳои зиёди афсонавие доред. Вале Шумо намедонед, ки ЧӢ ТАВР ОНҲОРО АМАЛӢ СОЗЕД. Агар ин Шумо ҳастед, лутфан ба ин мақолла хубтар диққат намоед. 🌄
Чун ки дар мақолаи имрӯза ман ба Шумо нишон медиҳам: ЧӢ ТАВР ШУМО МЕТАВОНЕД ҲАЁТИ ХУДРО БО ИСТИФОДА АЗ ДЕТОКС ДОПАМИН БАРҚАРОР КУНЕД.
Аввалан биёед ман ба Шумо гуям, ки ба Шумо чи намерасад. 👀
Чизе ки ба Шумо намерасад ин ДИҚҚАТ аст. Вақте ки шахс диққати зиёд дорад ва метавонад дар як чиз диққат кардан барои муҳлати хелоҳам зиёд. Омӯхтан аллакай осон мешавад. Вақте ки омухтан ба ту осон гарадид, ту аллакай дониш-ҳои лозимаро мегири ва вақте ки донишҳои лозима-ро ки гирифти алаакай ба ту осон мегардад ба мақсадҳои худ расидан. 📚

Ва дуюм ин ки вақте ту дар як чиз барои муддати хелоҳам зиёд, диққат мекунӣ, аллакай ту оҳиста-оҳиста аз анҷом додани ана ҳамон вазифа ҳаловат мебарӣ. Ту ҳозир пурсида метавони, ки “Ҳей Ризо! Чӣ Тавр Диққат Кардан-ро инкишоф додан мумкин аст?”
Ва ана маҳз дар инҷо ба мо Допамин Детокс ёри медиҳад. ⛑️ Биёед ман ба Шумо ҳолати одамони оддӣ-ро гуям. Айни замон, бисёре аз одамон дар руи миззашон якчанд мониторҳову таҷҳизотҳо доранду телефонашон низ дар руи миззашон аст. Ва ҳар яки он таҷҳизотҳо огоҳномаҳо доранд. Дар як монитаро Фейсбук кушадогӣ ва дар дигаре Ютюб. Дар гузашта низ ман то курси 2-юмиам ин мушкили-ро доштам. Вале баъдан ба хулосае омадам, ки ҳарсе мониторам-ро фурушам ва танҳо 1 то харам. Вақте дар компютери худ кор мекардам, ҳаммаи тирезаҳое, ки ба ман лозим набуда-ро мепӯшидам ва танҳо дар болои як вазифа ҳаммаи диққатам-ро мегузоштам. Ва ин комилан бози-ро иваз кард. Ва ман тавонистам, ки дипломам-ро нависам ва ҳимоя кунам.
Дигари мисоле, ки ба Шумо меорам, он аст ки дар як Ширкате барои 2 моҳ дар шартномаи озод ва ё “Фрилансер” ба кор даромадам. Ширкат, ки хурд буд, дастаи онҳо низ хелоҳам хурд буд. Ин маънои онро дорад, ки бо муассисашон низ ҳамсуҳбат шудан осонтар аст. Дар тули 2 моҳи худ дар он ширкат ҳамчун Linux Admin кор кардам ва бисёре аз чизҳоро аз он шахс омухстам. Бо ӯ танҳо 2 маротиба ҳамсуҳбат шуда будаму халос. Онҳам суҳбати видеоии онлайнӣ буд. Вале он шахс чунон диққате мекард, ки ҳатто телефонаш як умр дар реҷаи ҳавопаймо буд ва ӯро ёфтан хулоҳам душвор буд. Пасон фаҳмидам, ки “Ана Гап Дар Бораи Чӣ Будааст”. Диққату Тавваҷуҳ – муҳимтарин чизҳое ҳастанд, ки инсон метавонад, бо онҳо ширкати афсонавӣ ва шахси бузург созад.
Ана маҳз дар ин мақола ман ба Шумо мегуям, ки чи кор бояд кард то ки диққати худро барқарор кард ва чигуна диққати худро инкишоф бояд дод. Аз фардо сар карда шумо ин 4-амал-ро анҷом диҳед.
1. 2 Соат Дар Рӯз Дар Телефони Худ “Screen Time”- ро Фаъол Кунед
Як соат пеш аз хоб рафтан ва як соат баъд аз хоб хестан. Як соат пеш ба хоб рафтан барои 7 рӯзи оянда бо ҷои он ки бо телефонат вориди ҷойгаҳ мешавӣ китоб-ро гир. 📘 Китоби коғазин бошад ва барои 30 дақиқа китоб хон. Ҳам ба чашмонат зарар намерасад ва ҳам тез хобат мебарад. Вақте, ки аз хоб хести, телефони мобиллиат-ро барои 1 соати аввали субҳ нарас.

Агар Шумо iPhone дошта бошед Screen Time Widget-ро фаъол кунед. Ба фикрам дар Android ҳам ин гуна функсияҳо ҳастанд.
Ман ку Android истифода намебарам- намедонам. 😉
Бале ман медонам, ки барои ҳар кас ҳаргуна аст. Шояд ту касе боши, ки барои коррат WhatsApp-ро истифода бари. Вале тавсияи ман он аст, ки барномаҳои лозимаатро дар компютер ва ё лаптоби худ истифода бар. Хуб ин аст қадами аввалини ту барои анҷом додан. Ва ин ба он мерасонад, ки ту тугмаи БАРҚАРРОР-ро зер куни.
2. Истифода Набурдани Шабакаҳои Иҷтимоӣ/Ютюб
Барои 7 рӯзи оянда. Ютуб-ро тамошо накун. Бисёри аз одамон мегуянд, ки “Ҳей Ризо! Ютюб макони афсонавист ва наворҳои ҷолибу илми дорад.” Бале, Ютюб макони афсонавист вале ба ҳар ҳол ту худатро фиреб мекуни ва дар алгоритм ғарқ мешави. Ва ана аз ҳамон диққат кардан мемони. Ютюб-ро истифода бар. Дуруст истифода бар!

Тавсия ман чунин аст: Агар ки ту Браузери Chrome-ро истифода бари ин браузер тамдидҳо ва ё ана ҳамон “extensions“- дорад. Ингуна тамдидҳо зиёданд барои Браузер.
Дар Google бо забони Инглисӣ навис: “Hide YouTube recommended videos extension”. Unhook – гуфтани ном тамдид аст ва онро дар барузери Chrome насб кун ва ба ту ба ҷуз аз шабкаҳое ки ту пайваст шудаӣ дигар наворҳоро пешниҳод намекунад. Дар ин ҳолат ту медони ки ту ба ки обуна шудаи ва чигуна наворҳо-ро ту тамошо дорӣ. Ва барои 7 рузи оянда бошад, YouTube-ро аз телефонат нобуд кун ва аз лаптобат низ. 📺
Ин тавсия ба дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ таалуқ дорад. Инстаграму ТикТок низ вабои асранд ва ба ту имконият намедиҳанд то ки диққат куни.
3. Тамошо Накардани Филмҳое ки Барои Калонсолонанд
Филмҳои ки барои калонсолан ҳастанд 18+ ин яке аз бузургтарин мушкилии замони мо аст. Ва тавсияи ман низ ҳамон аст, ки агар ту шахсе боши ки ба ин кор машғули барои 7 рузи оняда ингуна наворҳоро тамошо накун. Барои мисол Инстаграм Моделҳоро пайрави накун. Ман намедонам, ки чаро то имруз бисёре аз дустони ман ба Инстаграм моделҳо обуна мешаванд дар ҳоле ки онҳоро аз пеш намешиносанд. Одамонеро ки намешиносед обуна нашавед. Ва ҳатто Storis-ҳояшонро хомуш кунед то ки зиндагии онҳоро набинед.

- Ҳақиқат он аст ки аз зиндагии ин одамҳоро дидан ба ту фоидае намерасад. 🙂
4. 10 Дақиқа Медитатсия
Ва чаҳорум дору он аст, ки ҳар субҳ вақте ки аз хоб мехезед ва таёри ба рузро мебинед барои 10 дақиқа медитатсия ва ё дар танҳои нишаста фикр кунед. Агар тавонед 30 дақиқа. Агар ки не барои 7 рузи оняда 10 дақиқа Медитасия ба Шумо ёри мерасонад то ки ана ҳамон тугмаи БАРҚАРРОР-ро зер кунад.

Хулоса
Хуб баъд аз 7 руз чи гап хоҳад шуд? 🤔 Вақте ки Шумо 4 тавсияи дар боло бударо анҷом медиҳед, Шумо аз ҳар як чизи хурд лаззат хоҳед бурд. Худро бо дигарон муқоиса нахоҳед кард ва аз ҳама чизи доштаатон шукргизор хоҳед шуд. Диққату тавваҷуҳатон зиёд мешавад ва шумо беҳтар кору таҳсил хоҳед кард. Албатта ки рузи аввал медитасия кардан ва Шабакаҳои Иҷтимоӣ-ро истифода набурдан душвор хоҳад шуд. Вале дар ин 7 руз ана ҳамон тугмаи БАРҚАРРОР-ро зер хоҳед кард ва ман умедворам ки аз хондани китоб ва корратон лаззат хоҳед бурд.
Ризо Гиёев 5/11/2023 соати 22:15 ба вақти Варшав. ⌛
Агар хоҳед ки навори ана ҳаммин мақола-ро тамошо кунед, ба навори зирин зер кунед.⤵️