Дуруд 👋
Касб! Ман як умр орзӯ доштам то ки ёбамаш. Як чизеро ёбам, ки манро ҳар субҳ аз хоб мехезонад, манро ба ҳаяҷон меоварад, ва он ба ман як сабаби дигар медиҳад барои зиндагӣ кардан. Ман ин манбаи дурахшон ва бепоёни неруро дар дохили худ меҷустам, ки ба ман имкон медиҳад, то ҳама гуна монеаҳоро паси сар кунам ва ба чизҳое, ки аз дастам намеомад, ноил шавам. Вале Ризои хурдакак намедонист, ки барои пайдо кардани он барояш солҳои тӯлонии ҷустуҷӯ, нокомиҳо ва қурбониҳо дар пеш аст.
Хуб, аз куҷо мо бояд оғоз кунем? 🤔
Барои он ки фаҳмем ки касб дар асл чӣ аст, мо бояд донем ки касб дар асл чӣ маъно дорад. Хуб, ин саволи хелоҳам калон аст. Ту метавони ҷавобҳои зиёдеро ёби вобаста ба ин савол. ❓
Вале, ҷавоби ман ин аст.
Касбу-Ҳунар ин эҳсоси хеле қавӣ дар бораи чизе ё эътиқоди қавӣ ба чизе аст. Ту дар ҳоле метавони ҳамон Касбу-Ҳунарро омӯзи, агар ту шавқи зиёд дори ба он ва таёри барои он ҳамачизро қурбон куни. Ин чизест, ки ту аз анҷом додани он лаззат мебари ва омӯхтанаш ба ту осон аст.
Стив Ҷобс дар назди хатмкунандагони соли 2005 дар Стэнфорд истода гуфт:
“Агар хоҳед, ки КОРИ бузургеро анҷом диҳед, Шумо бояд дӯст доред КОРРЕРО ки анҷом медиҳед.”
Вале, лаззат бурдан аз корратон воқеан ба мувафақият дар ҷои коратон оварда мерасонад?
Одатан, баъзе хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ибтидоиву миёнаи касбӣ барои пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва шуғли муайян душворӣ мекашанд. Сабаби чунин ҳолат, на танҳо дар надоштани омодагии касбӣ, балки дар мувофиқат накардани тахассуси онҳо ба талаботи бозори меҳнат мебошад. Бинобар ин бояд касбу ҳунарҳое интихоб карда шаванд, ки дар бозори меҳнат ба онҳо талабот бештар аст. Ҳар як ҷавон бояд огоҳ бошад, ки дар оянда танҳо тавассути аъло донистани забони давлатӣ ва донистани якчанд забонҳои хориҷӣ, инчунин истифодаи технологияҳои муосири ком- муникатсионӣ метавонад зиндагии худро пеш барад ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо карда, ҳамчун шахс ташаккул ёбад.
Агар, бисёре аз одамонро пурсем ки онҳо аз касбашон чӣ мехоҳанд, онҳо ба мо 3 ҷавоб медиҳанд:
- Ман мехоҳам маблағ даромад дошта бошам.💵
- Ман мехоҳам аз он лаззат барам. ☺️
- Ман мехоҳам, ба одамон кӯмак расонам. 💁🏻♂️
Ва имрӯз дар ин мақола/навор мо дар бораи ана ҳамин 3 ҷавоб сӯҳбат хоҳем кард.
Ман Мехоҳам Маблағ Даромад Дошта Бошам
Айён аст, ки маблағ яке аз сабабҳои муҳим буда метавонад барои интихоби касб ва корнома. Аммо мушкили дар он аст, ки ҳама метавонанд маблағ ба даст оваранд. Ту метавони дузди карда маблағ ба даст оварӣ. Ту метавони ҷарроҳи карда маблағ ба даст овари. Ту метавони футболбозӣ карда маблағ ба даст овари. Дигари мушкили ин аст, ки бо маблағ доштан ин осон аст дар ҷомеа мавқеъ пайдо кард. Одамон мегуянд:
ВОВ! Вай миллион дар суратҳисоб дорад, маънои онро дорад, ки вай одами меҳнаткаш аст.
Вале дар асл ин чунин нест. Касе дар вазифаи худ, пора гирифта зиндагияшро пеш мебарад, каси дигарре ба касби худ хиёнат карда он миллионро дар суратҳисобаш ҷавмъоварӣ мекунад.

Манро нодуруст нафаҳмед. Маблағ ба даст овардан ин ягон кори бад нест. Зиндагии мо ҳар як қадамаш маблағ меистад. Иҷропулӣ, Хӯрокхурӣ, Обнӯшӣ, Пули Интернет. Вале, гап дар сари чӣгуна ба даст овардани ана ҳамон маблағ меравад.
Шояд ки Шумо ин График-ро дар куҷои дида бошед. Ин маблағи иловаги График нишон медиҳад, ки вақте Шумо дар аввали корномаатон наонқадар маблағ кор мекунед, ва вақте ки оҳиста оҳиста маблағи зиёд ба даст меоваред, ин Шуморо хушбахттар месозад. Чунки бисёре аз мушкилиҳое ки дар зиндагиатон доред ва онҳоро бо маблағ ҳал карда мешавад, аз байн мераванд.

Ба ҳисобу китоби Ризо, агар Шумо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунед ва дар як сол 180 000 сомонӣ даромад меоред, маблғи иловагӣ ба Шумо хушбахтии иловагӣ намеорад. Дар бораи маблағ ман шахсан ингуна мехоҳам, фикр кунам. Барои ман маблағ ин як чизи қаноатмандкунанда аст.
Мисол: Агар ман ба мағоза равам, ман танҳо як қутти қаҳваро мегираму дар болояш барои соатҳо чуқур фикр намекунам. Чинки нушидани қаҳва ҳар субҳ манро қаноат мекунонад. Вале, бе нушидани қаҳваҳам ман ягон мушкили надорам. ☕
Агар ки аз таҷриба гуем, ин аён аст, ки маблағи хуб ба даст овардан аз касбат, ин яке сабабҳо буда метавонад барои интихоб кардани он. Вале, дигар чизҳое низ буда метавонанд, ки туро қаноатманд мекунанд. Барои ҳамин ба дигар сабаб меравем, ном дорад:
Ман Мехоҳам аз Корномаам Лаззат Барам
Вақте, ту фаҳмиди, ки чи қадар маблағ лозим аст ва ба саволи якумамон ҷавоб гирифтем, вақти он расидаааст, то корномаеро интихоб кунем, аз он мо ҳаловат барем, аз он шод бошем ва он маъное дошта бошад.Ту ҳозир пурсида метавони:
“Ҳей Ризо! Аз куҷо ман мефаҳмам, ки ман аз корам лаззат бурда истодаам?”

Ҷавоб содда аст.
Вақте, ки туро дар ҷои коррат эҳтиром мекунанд, озодии баён медиҳанд, ҳамкоронат одамони хоксор ҳастанд, ту ҳис мекуни ки ба дигарон ёрие аз ту расидаистодааст. Ту ҳис мекуни, ки ҳар руз як чизи нав омӯхтаистодаӣ. Ту ҳис мекуни ки корре ки ту мекуни маъное дорад.
Акунун ин вобаста ба Ширкати ту аст, вазифаи ту аст ва корномаи ту аст. Ҳар касб ҳаргуна вазифае дорад ки ту метавони аз он ҳаловат бари. Барои мисол:
Бисёре аз мардум мегуянд, ки Ютюбер будан ин лаззатбахш аст. Вале, вақте ки ту шарҳҳои одамонро баъд аз гузоштани аввалин наворат дар Вебномаи Ютюбиат мехони мефаҳми лаззатбахш буданашро. 👀
Бисёре аз одамон мегуянд, ки ту бояд корре анҷом диҳи ки ту аз он лаззат мебари. Вале, ҳастанд якчанд корҳое, ки ту қариб аз онҳо корнома сохта наметавонӣ. Мисол:
Бозиҳои компютерӣ. Тамошои фаилмҳо. Сарояндагӣ. 😀
Вале мо метавонем, корномаеро ёбем ки ба мо писанд аст. Онро пурра омӯзем ва оҳиста-оҳиста аз он ҳаловат барем. Дигар чизе, ки ман мехоҳам суҳбат кунам дар борааш ин имтиҳон кардани якчанд касбу ҳунару корномаҳост. Бисёре аз дӯстон мегуянд, ки ман мехоҳам корнома созам дар IT. Вале омӯхтани Илмҳои Компютерӣ ин душвор аст. На ҳар кас ҳар субҳ аз хоб мехезад ва новобаста аз вазъияти зиндаги таҳсил мекунад. Рақобат ҳам зиёд аст барои ҷои кор. 🧑🏻💻
Ман Мехоҳам ба Одамон Кумак Расонам
Давоми ин мақоларо, дар шакли видеоӣ дар навори зерин тамошо кунед. ⤵️