ризо гиёев киcт & ҳадафаш чист?

Ки ҳастам ман? 👀

Ман Ризо 👋🏻
Мутахасиси IT ҳастам ва ишқи зиёде ба Техналогия дорам. Тӯли 3 сол мешавад, ки фосилавӣ дар ширкатҳои гуногун кор мекунам. 

– Донишгоҳи Бонкии ш.Бидгош, Ҷ.Лаҳистон-ро хатм кардам.(ҳамчун Вебсаҳифасоз) 🧑🏻‍💻

1 cентябри 2023, баъд аз хатми донишгоҳ, аввалин ширкати расмии худро бо ҳам-муассисам Зулфиқор таъсис додем. ITomuz ба мисли фарзанди аввалин аст. Дӯсташ медорам ва умедворам/ем, ки бузург хоҳад шуд ☕

– Одатан ҳар сӯбҳ барои 4 соат рӯза мегирам

WiFi – ро комилан истифода намебарам 🛜

Танҳо бо интернети сими кор мекунам, телефонам дар “реҷаи ҳавопаймо” аст. Душвор аст, манро ёфтан 🛫

 

(Муошират бо ман: Email & Zoom)

 

– Забономӯзиро дӯст медорам: Тоҷикӣ, Инглисӣ, Русӣ, Лаҳистонӣ ва Испаниро балад ҳастам. 

Дар дигар Шабакаҳои Иҷтимоӣ нестам (шахсан)

Сохтани ширкат, суҳбат бо одамони навовар, забондон, футболбоз, ва эҷодкор ба ман писанд аст.

– Аз эҷод кардани муҳтаво лаззат мебарам ва аз соли 2016 инҷониб ба он машғулам 🎥
Дар YouTube вебномае дорам бо номи Ризо Гиёв.

(баъд аз 7 сол 1000 обуначӣ ҷамъоварӣ кардам)👀

 

Ман дар он ҷо муҳаббати худро ба навор ва муҳимтарин мавзӯ барои ман “ҳаёти ман” – ро намоиш медиҳам. Бо вуҷуди ин, ман ҳаёти худро як чизи беназир намешуморам, аз ин рӯ видеоҳо барои гуё “худнамоишдиҳӣ”- нестанд.

Балки, барои манфиати шумо ва эҳтимолан “илҳом” бахшидани Шумо тарҳрезӣ шудаанд.

Сипос, ки дар ин сафар манро ҳамроҳӣ мекунед 🙌🏻

ҳадафҳои ман, дар зиндагӣ ⚽

    Аввалан, ба Шумо сипос мегӯям! Ноёбтарин асъори худро дареғ надоштед. Интихоб кардед, ки онро барои ҷӯстуҷӯ кардани хонаи хурдакаи ман, дар як куҷни Интернет сарф кунеду меҳмон шавед.
Ҳадафҳои зиёде дорам. Аввалин ҳадафи ман – ин сохтани АФСОНАВИТАРИН маҳсулотҳои рақамии тоҷикӣ мебошад. Мехоҳам, насли ояндаи тоҷикзабон – барои корҳое, ки ман имрӯз мекунам сипосгузор бошанд. Чун насли гузашта, барои мувафақ шудани насли ман, дар ҷаҳони рақамӣ – коре накарда буданд. Маҳз баъд аз хатми донишгоҳ моҳи июли соли 2023, ба хулосае омадам, ки аввалин коре мекунам ин сохтани платформаи омӯзишии тоҷикӣ аст. Азбаски IT соҳаи писандидаи ман буд, (ва 3 сол мешуд, ки аз хона набаромада ба ман нон меовард) ман ин платформаро ITomuz ном гузоштам.

 

 

    ITomuz танҳо платформа барои омӯзиши соҳаи Фанновариҳои Иттилоот нест. ITomuz-ин платформае мебошад, ки танҳо барои як забон (тоҷикӣ) хизматрасониҳои гуногунро пенниҳод мекунад. Дар ин платформа, тоҷикзабонон маҳоратҳои рақамӣ-ро моемӯзанд. Мо барои дигар забонҳо, хизматрасонӣ нахоҳем дошт. Ҳаракат мекунам/ем, ки АФСОНАВИТАРИН курсҳои босифатро, бо забони тоҷикӣ, бо алифбои Кириллик ба мизоҷон пешкаш намоям/ем.

    

    Ман боварӣ дорам, ки ягона чизе, ки зиндагии насли онядаро иваз мекунад, ин аз думболи илм будан аст. Ин омӯхтани маҳоратҳои рақамӣ аст. Ин ворид шудан Фанновариҳои Иттилоот аст. Ин кашфи техналогияҳои муосир аст. Ин кор кардан бо ҳуши маснӯӣ ва таёр будан ба ҳуҷумҳои киберӣ аст. Вақте, ки ман маҳсулотҳои рақамӣ мегӯям, танҳо сохтани сомона ва барнома нест. Маҳсулотҳои рақамӣ (барои ман) аз навиштани мақолаҳоям шуруъ шуда, то ба наворҳои Ютюбиам ва замимаҳои мобиливу ҳуши маснӯиро дар бар мегиранд.

 

 

    Дуюм ин, ки мехоҳам маҳоратҳои нависандагӣ ва эҷодкориямро ҳар рӯз беҳтар намоям. Чун, аз навиштан ва эҷод кардани навор ҳаловат мебарам. (аз навиштан, гоҳ-гоҳ 👀) Дар мақолаҳоям хатогиҳои грамматикӣ зиёд ҳастан. (чун, нависандаи ҳаваскор ҳастам, на касбӣ) Дар онда ҳаракат мекунам, мақолаҳоямро бехатотар нависам.

 

 

    Ҳадафи дигари ман, ин омӯхтани дигар забонҳо аст. (Олмонӣ, Фаронсавӣ ва Ҷопонӣ барои 5 соли оянда) Ман боварӣ дорам, ки дар замони муосир агар ту навиштан, хондан, суҳбат карда тавониву (компютери бибикалонатро таъмир кардану донишҳои қаҳванӯши)-ро дошта бошӣ, ҳама ширкатҳо ба ту ҷои кор хоҳанд дод. Дар ҷомеа соҳиби эҳтиром хоҳи шуд (вақте, ки забони тоҷикиро ба дарҷаи кайҳонӣ меомӯзӣ) ва модарат бо ту ифтихор хоҳад кард. Мушкилӣ дар он аст, ки бисёриҳо (дӯстони гӯшчапари онлайнии ман) ҳатто ҳамин маҳоратҳоро надоранд. Айни замон, ба касе чӣ донистани ту муҳим нест.

 

(Ман парвое надорам, ки ту Шоҳномаи Фирдавсиро аз ёд медонӣ ва ё формулаҳои физикиро).

 

 

Чӣ сохтани ту, чӣ кор карда тавонистани ту ва бо техналогияҳои имрӯза (Chat GPT, Google, Stack Overflow, Office 365, ITomuz, Компютери бибикалонат бо 4GB RAM, Тавсияиҳои Ризо Гиёев, Забонҳои Барномасозӣ, Асбобҳо/Маҳсулотҳои сохтаи Стив Ҷобсу Билл Гейтс, Асбобҳо/Барномаҳо/Системаҳои кушодаассосе, ки олимони соҳаҳои гуногуни Сайёра, ҳаёташонро масраф кардан то ба ту имрӯз ройгон дастрас бошанд) чӣ эҷод карда тавонистан, кадом мушкилиҳои мардумро ҳал карда тавонистани ту, муҳим аст. Мақсади ман низ, аз эҷод кардани наворҳо, навиштани мақолаҳо, сохтани курсҳои онлайнӣ ва бо аввалин писарам ITomuz, ҳамин аст. (Сохтани ояндаи дурахшон, барои ҳамдигар)

 

 

Бо орзуҳои нек,

Ризо Гиёев

Мудир/Муассис дар ITomuz

www.itomuz.com

биёед суҳбат кунем

Ягон савол доред? Ман ҳамеша омодаам, ки дар бораи тиҷорати Шумо, лоиҳаҳои нави Шумо, имкониятҳои эҷодӣ ва ба кадом роҳҳо мо ба Шумо кумак карда метавонем, суҳбат кунем.

Scroll to Top