Ман Ризо Гиёев ҳастам. 👦🏻
То сини 19 солагиям, бо забони модарии тоҷикӣ пурра суҳбат карда наметавонистам. 🗣️ Вақте, ки дар мактаб ва ё байни дустону атрофон бо забони аддабии тоҷикӣ суҳбат мекардам, аз он шармам меомад. Шояд, ки аз он метарсидам, ки дустону ҳамсинфону атрофон манро масхара хоҳанд кард. 🙂

Ман танҳо нестам… 🙃
Ба ман бовар кунед! Ин гуна ҷавонони тоҷик ба мисли ман зиёданд, ки бо забони аддабии тоҷикӣ суҳбат карданашон шарм медоранд. Дар аввал фикр мекардам, ки ин ягон чизи бад нест. Чун ки ба ҳар як шахсе во мехӯрдам аз 100/1-каси онҳо бо забони тоҷикӣ пурра суҳбат мекарду халос. Дар ҳоле, ки онҳо шаҳрванди кишваре ҳастанд, ки ном дорад Тоҷикистон ва забони давлативу/расми тоҷикӣ аст, ва онҳо дар ин кишвар таввалуд шудаанду ба воя расидаанд. 🪴
Хонандаи муҳтарам: 📖
Лутфан фикр накунед, ки ман дар бораи лаҳҷаҳои минтақаҳо суҳбат дорам. Гап дар бораи омехташавии забони модариамон аст. ⏳
Забони тоҷикӣ ин забони аҷдодонамон аст. Забони Сино аст, забони Рудакӣ аст, забони Саъдӣ ва забони ману шумост.

Бо ҳар як шахсе, ки суҳбат мекардам, онҳо забони тоҷикӣ-ро бо 2 забонҳои дигар: Арабӣ ва Руси омехта мекарданд.
Хуб ту ҳозир гуфта метавони, ки мо дар гузашта бо ин миллатҳо зиндагӣ мекардем. 🧬
Ту боз гуфта метавонӣ: Калимаҳои Иқтибосӣ чӣ? Ва ту боз гуфта метавони: Забони муошират байни мардум дар Осиёи Маркази забони Руси аст. Боз ту илова карда метавони: Кишвари мо 96%-аш дини Ислом-ро пайравӣ мекунанд.
Ту боз Моддаи 2-юми КОНСТИТУТСИЯ-ро мисол оварда метавонӣ:📕
Моддаи 2. Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

Бале! Мислоҳои дар боло овардаи ту қабул! Вале, мушкили дар ҳоле ба миён меояд, ки дигар калимаҳо аз дигар забонҳо ба забони мо омехта мешаванд. 🧬
- Ва боз мушкили дар ҳоле ба миён меояд, ки дар мактаб забони адабии тоҷикӣ омехта мешавад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ омехта мешавад. Дар Шабакаҳои Иҷтимоӣ омехта мешавад.
Баъд аз сафар кардан ба 8 давлати саёра ман бисёр чизҳоро омухтам. Барои мисол:
Моҳи Апрели ҳамин сол ман ба пойтахти Белгия шаҳри Брюселл сафар карда будам. Дар ин кишавр 3 забон, забони расми аст. Вақте ки бо онҳо ҳамсуҳбат мешави, аввал мепурсанд ки бо кадом забон суҳбат кунем. Олмони, Фаронсавӣ ва ё Ҳоландӣ. Онҳо ҳаргиз омехта намекунанд забонҳои худро.

Давомашро метавонед дар шакли видеои тамошо кунед: ⤵️