Дуруд 👋
Агар ту ҳис куни, ки ҳамавақт хаста ҳасти – хавотир нашав! Танҳо нести! Пурсишҳо нишон медиҳанд, ки калонсолон дар Амрико ба ҳисоби миёна дар 1 ҳафта 3 руз худро хаста ҳис мекунанад. Аз 30 то 48%-и калонсолон дар хоб рафтан, мушкили доранд. Вале барои бисёр аз мо мушкили ин дар чи қадар хоб рафтанамон нест. Ин дар ана ҳамон афсонаҳое аст ки дар атрофи хоб бофта шудаанд. Касе мегяд ки кам хоб рав, дигаре мегуяд ки бисёр хоб рав.
Ман Ризо Гиёев ҳастам ва тули чандин соли охир таҷрибаҳо, омузишҳо, ҷелландҷҳои зиёде доштаи бо хоб рафтан. Дур тули солҳо ман бо бисёре аз калонсолон, мутахассисон ва дустон суҳбатҳои зиёде доштам дар бораи хоб. Ҳатто, ин савол одат шуда буд: ”Ҳей!!! Чанд соат хоб мекунед дар як шабонаруз?” ⁉️
Барои мисол: Нависандаи машҳури Инглис, Матю Валкер ки олими ин соҳа аст ва солҳои сол тадқиқот мегузаронад, китобе навиштааст бо номи (Чаро мо хоб меравем). Дар ин китоб, у мегуяд мо бояд 8 соат дар руз хоб равем то ки худро солиму бардаму маҳсулнок ҳис кунем ва дар рӯз хаста набошем.

Вале мушкили дар ҳоле ба миён меояд, ки агар 8 соти хобро нагири, ту худатро бад мебини ё ки “худат худатро мехӯри”. Ва ҳамаи ин чизро мо мегуем. “Ташвиш дар хоб”.
1.) Муҳим нест, ки шумо кай хоб мекунед, то даме ки шумо кофӣ хобед.
Мақолаи Инглисиеро дар интернет хондам дар бораи “ритми сиркадианӣ”. Ту пурсида метавони, ки “Ҳей Ризо! Чи аст ритми сиркадианӣ?”. Ритми сиркадианӣ ин соати дохилии ту аст, ки сигнал медиҳад ба бадани ту ва мегуяд ба ту чи лозим аст дар ҳамон вақту замон.
Дар солҳои 1990-ум Россел ва дастаи тадқиқотияш, пайдо карданд ки дар чашмони мо як хӯшаи ҳуҷайраҳоянд, ки танҳо барои муайян кардани нур масъуланд, нa барои дидани тасвирҳо.

Ин механизми муайянкунии рӯшноӣ дар чашмони мо, ба майнаи сари мо хабар медиҳад, кадом вақти руз аст ва ба танзими соати дохилии мо кумак мекунанд.
Хуб, вақте ки соати дохилии мо ҳассос аст ба нур, ин маънои онро дорад, ки умуман вақте ки берун равшан аст мо бедор мешавем ва вақте ки берун торик аст мо бояд хоб равем. Ва дар якчан соли охир ана ҳамин шахс, Россел ва дастаи ӯ, тадқиқот анҷом доданд, ки чи мешавад агар таъсире расад ба ана ҳамин “ритми сиркадианӣ”. Барои мисол дер хоб рафтан ва ё ин ки ту парвоз дори ба дигар давлат ва дар фурудгоҳ хоб набояд ки рави то ки парвози худро аз даст надиҳи ва ё ин ки одамоне ки шабкоранд.
Ва онҳо пайдо карданд, ки дар ин гуна одамон:
- Гормонҳо стрессӣ зиёд мешавад
- Зиёд шудани хатари бемории дил
- Ва ин гуна одамон зуд-зуд бемор мешаванд
Дар чандин мақолаҳои халқи омаддаст, ки “Худо шабро барои хоб офарид ва рузро барои кору зиндагӣ” ва агар ту касе боши, ки шаб кор ҳасти маънои онро дорад, ки ту комилан бар муқобили биологияи бадани худ кор карда истодаӣ. Ва бадани ту мегуяд ки ту бояд хоб боши дар ин вақт.
Ба ҳар ҳол мо гуфтем, ки мо соати дохили дорем, вале ҳар шахс соатҳои гуногун дорад. Одамоне ҳастанд, ки мегуняд: “Ман одами субҳ ва ё ман буғи шаб ҳастам”. Ин маънои онро дорад, ки соатҳои дохили онҳо дар вақтҳои гуногун ана ҳамон соати зангдорро гузоштаанд.
2.) Ба ҳама 8 соат хоб лозим аст
Ба ҳар ҳол 8 соат ин вақти миёнаи хоб аст, вале дар ин ҷо сифати хоб рафтан муҳим аст. Агар ту 8 соат хоб нарафти маънои онро надорад ки ту имруз рузи бад хоҳи дошт. Ба ҷои он ҳама ғамхурии зиёдaти, ту ин саволҳоро ба худ деҳ:
- Аввалaн худро пурс: Ту табиатан аз хоб хести ва ё касе ё чизе ва ё зангула туро аз хоб хезонд? Агар ки ту табиатан аз хоб хести, маънои онро дорад, ки ба ту кифоя аст дигар хоб нарав.
- Ва боз ту худро метавони пурсидан: Оё ба ту муддати тӯлонӣ лозим буд то ки аз хоб хези ва оё ту ба кофеин ниёз дори? Шояд, ки дар онҷо сабабҳои дигаре бошад, ки ту хоби лозимаатро нагирифти.
- Ва ту ҳатто метавони рафтори худро бини: “Оё рафтори ту аҷиб ва ноустувор аст?” Шояд, ки девонавор рафтор карда истодаи ва ба одамони атрофат халал расонида истоддаи.
3.) Мо бояд ҳар рӯз дар як вақти муяйн бедор шавем
Бале, умуман ин хуб аст дар як вақте муайян аз хоб хестан, вале дар ҳаёт вақтҳое мешаванд ки ту ин корро карда наметавони. Ва як чизи дигарро бояд дар хотир дошт, ки “ритми сиркадианӣ”-и мо метавонад иваз шавад дар ҳаёти мо. Дар ҳақиқат маъмул аст, ки наврасон бештар хронотипи шом доранд. Ва маҳз барои ҳамин наврасон ба зур аз хоб мехезанд.

4.) Шумо бояд пеш аз хоб рафтан аз нури кабуд худдорӣ кунед
Шумо ҳозир пурсида метавонед, ки “Ҳей Ризо! Чи аст нури кабуд?”. Ман мқолаеро ба Шумо мехонам аз WEB- саҳифа бо номи borislens.
1. Нури кабуд чист?
Чашмони мо чунин як олами рангинро мебинад, ки асосан аз ҳафт ранги сурх, норанҷӣ, зард, сабз, кабуд, кабуд ва бунафш иборат аст.Нури кабуд яке аз онҳост.Дар истилоҳи касбӣ, нури кабуд як навъ нури намоён аст, ки дарозии мавҷ аз 380 нм-500 нм дар табиат аст, ки ба нури кабуди зараровар ва нури кабуди судманд тақсим мешавад.

Нури кабуди зараровар
Дар байни онҳо тадқиқотҳо нишон доданд, ки нури кабуд бо дарозии мавҷ аз 380 то 450 нм барои инсон зараровар аст. Он метавонад ба чашми чашм ва линза ворид шуда, миқдори токсинҳоро дар минтақаи макулярии чашм зиёд кунад ва ба саломатии чашми мо ҷиддӣ таҳдид кунад.Сарчашмаҳои асосӣ сарчашмаҳои равшании LED, телефонҳои мобилӣ, iPad-ҳо, компютерҳо, мониторҳои LCD ва дигар маҳсулоти электронӣ мебошанд. Дар асри иттилоот, мо одатан бо телефонҳои мобилӣ ва компютер сару кор дорем ва ҳатман ба нури кабуди зараровар дучор мешавем.

5.) Барномаҳои хоб ба шумо кӯмак мекунанд, то ки чанд соат хоб рафтани худро пайгири кунед.
Чи гунае ки мебинед (дар видеои Ютубии ман) ман дар 6 моҳи охир ба ҳисоби миёна ман 9:22 дақиқа дар як шабонаруз хоб рафтаам. Имруз бошад 8 соат ва дар 1 моҳи охир бошад 9 соат ба ҳисоби миёна. Ва ин дар ҳақиқат ки зебост. Ва тасияи ман ин аст: Агар тавони, чанд соат хоб рафтани худро пайгири кун ва ба хулосе биё, ки чанд соат хоб ба ту кифоя аст.

7.) Хоби полифазӣ (бештар аз ду давраи хоб дар як рӯз) барои ҳосилнокии шумо хуб нест
Вақте ки ман сифни 11 будам, ва шаб то ба субҳ дар интернет вақти худро мегузарондам, (Чун ки симкатраи мегафон доштам ва интернет баланд суръат мешуд дар шаб) ва дарсҳои Инглисиву Барномасизӣ-ро борбардори мекардам ва танҳо 4 соат хоб мерафтам. Боз саҳари барвақт аз хоб мехестам ва ба мактаб мерафтам. Пасон соати 13:00 аз мактаб меомадаму барои 2 соати дигар хоб мерафтам. Ин дар ҳақиқат ки хуб набуд. Чун ки ту таҳсили хубе намекуни ва чизероҳам ба дараҷи афсониавӣ намеомӯзи. Тавсия ин аст: Як вақти муайян хоб кун ва як вақти муайян хез.

Агар хоҳед, ки навори ин мақоларо бинед, лутфан ана ин наворро тамошо кунед: ⤵️